https://sputnik.tj/20220413/vazir-farhang-suporish-rahmon-vmkb-safar-1047610619.html
Вазири фарҳанг бо супориши Раҳмон ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дод
Вазири фарҳанг бо супориши Раҳмон ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба намояндагони ҳукуматӣ ва Дастгоҳи иҷроияти президент супориш додааст, ки ба ВМКБ сафари корӣ анҷом диҳанд ва бо ҳолу аҳволи сокинони... 13.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-13T16:05+0500
2022-04-13T16:05+0500
2022-04-13T17:41+0500
дар тоҷикистон
вмкб
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1e/1032187949_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_5f79d8bdf9016d67a3062c53241c7d50.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо супориши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ анҷом дод.Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг, вазири тоҷик бо вазъи муассисаҳои соҳаи фарҳанг, маориф ва тандурустӣ аз наздик шинос шудааст.Гуфта мешавад, Давлатзода махсусан ба деҳотҷоҳо рафта, сатҳи таъмин будани макотиб бо омӯзгорону лавозимоти мактабӣ ва ҳамчунин дастрасии мардум ба бемористону маводи дорувориро санҷида, аз рӯзгори оилаҳои камбизоат дидан кардааст.Зимнан вазир дар маркази вилоят бо сокинону фаъолон ва ҷавонони шаҳр мулоқот намудааст.Зулфия дар суханронии хеш дар мавриди самаранок истифода шудани заминҳо ва афзоиш додани истеҳсолоти маҳсулоти кишоварӣ таъкид намуд.Ёдовар мешавем, ки соли 2020 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин гардид. Давлатзода дар ин мақом Шамсиддин Орумбекзодаро иваз намуд, ки ахирӣ бинобар баромадан ба нафақа бо фармони раисҷумҳур барканор шуд.Давлатзода Зулфия худ зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, замоне роҳбари идораи радио ва телевизиони ин вилоят ва баъдан муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон таъйин шуда буд. Аз моҳи январи соли 2020 ба ин сӯ ӯ вазифаи вазири фарҳанги Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
https://sputnik.tj/20220412/durtarin-navohi-vmkb-maydon-nishon-parcham-1047574916.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1e/1032187949_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_84bd0107297425e7d1f8f67431f6aa97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вмкб, фарҳанг
дар тоҷикистон, вмкб, фарҳанг
Вазири фарҳанг бо супориши Раҳмон ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дод
16:05 13.04.2022 (Навсозишуда: 17:41 13.04.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон ба намояндагони ҳукуматӣ ва Дастгоҳи иҷроияти президент супориш додааст, ки ба ВМКБ сафари корӣ анҷом диҳанд ва бо ҳолу аҳволи сокинони ин вилоят шинос шаванд
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо супориши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг, вазири тоҷик бо вазъи муассисаҳои соҳаи фарҳанг, маориф ва тандурустӣ аз наздик шинос шудааст.
Гуфта мешавад, Давлатзода махсусан ба деҳотҷоҳо рафта, сатҳи таъмин будани макотиб бо омӯзгорону лавозимоти мактабӣ ва ҳамчунин дастрасии мардум ба бемористону маводи дорувориро санҷида, аз рӯзгори оилаҳои камбизоат дидан кардааст.
Зимнан вазир дар маркази вилоят бо сокинону фаъолон ва ҷавонони шаҳр мулоқот намудааст.
Зулфия дар суханронии хеш дар мавриди самаранок истифода шудани заминҳо ва афзоиш додани истеҳсолоти маҳсулоти кишоварӣ таъкид намуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин гардид. Давлатзода дар ин мақом Шамсиддин Орумбекзодаро иваз намуд, ки ахирӣ бинобар баромадан ба нафақа бо фармони раисҷумҳур барканор шуд.
Давлатзода Зулфия худ зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, замоне роҳбари идораи радио ва телевизиони ин вилоят ва баъдан муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон таъйин шуда буд. Аз моҳи январи соли 2020 ба ин сӯ ӯ вазифаи вазири фарҳанги Тоҷикистонро ба уҳда дорад.