Дар Тоҷикистон қурби рубл коҳиш ёфт: доллару евро чӣ?

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Ошуфтагӣ дар бозори арзи Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Арзиши рубли русӣ дар бозори расмии кишвар коҳиш ёфтаву аз евро пас аз чан рӯзи коҳиш каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Ба иттилои ин ниҳод, қурби рубл дар кишвар майли коҳишёбӣ дорад. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи гузашта 1000 рубл 158 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло бошад, қурби асъори русӣ то 150 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.5675 сомонӣ муқарар шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.6300 сомонӣ медоданд.
Пули амрикоӣ бошад, бетағйир монда, ҳар як доллар 12.5000 сомонӣ арзиш дорад.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Таджикские сомони на столе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Чаро сомонӣ аз банкомат ва бонкҳои Тоҷикистон "ғайб зад"?
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 142 сомонӣ ва зимни фурӯш 155 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 140 ва зимни фурӯш 150 сомонӣ аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 147 ва 149 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 156 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Амонатбонк" бошад, 1000 рубл зимни харидуфурӯш 136 - 137 сомонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0