Дар Тоҷикистон давоми се моҳ 520 ҳолати фавқулодда рух додааст

© КЧС РТЛиквидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане
Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Обуна шудан
Дар натичаи як қатор ҳодисаҳои фавқулодда дар ҳудуди Тоҷикистон ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари бузурги моддӣ расид
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Аз оғози соли 2022 наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон 520 ҳодисаи фавқулодда ва ҳодисаи табииро сабт кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки дар пайи 19 ҳодиса ба аҳолӣ ва иқтисоди Тоҷикистон хисороти моддӣ расидааст.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара аз рӯи ҷамъбасти кори семоҳаи аввали соли ҷорӣ гуфта шуд, бо фарорасии фасли баҳор, ки ҳодисаҳои фаромадани сел, лағжиши замин ва сангрезӣ бештар мешаванд, шумораи ҳолатҳои фавқулодда афзоиш ёфтааст.
Бар асари офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 5 нафар аз шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.
Раиси кумита Рустам Назарзода ба иштибоҳҳо дар ташкили чорабиниҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва корҳои ҳифзи соҳилҳо ишора кард.
Наҷотдиҳандагон ва намояндагони минтақаҳо вазъи омодагии сафарбаркунии қисмҳои ҳарбӣ, масъалаҳои таъминоти моддию техникӣ ва маводи ғизоӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва таъмири техникаро баррасӣ намуданд.
Селевой поток в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Ба зарардидагони сел дар Дарвоз замин ҷудо мекунанд
Раиси кумита аз зарурати омодагии саривақтӣ ва ҳирфаӣ барои вокуниш ба эҳтимоли фаромадани тарма, ярч, сел, сангрезӣ, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар фасли баҳору тобистон ёдовар шуд.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба мавсими шиноварӣ баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки сел аз 12 то 18 март дар ноҳияи Дарвоз 3 хонаро комилан ва чанд бинои дигарро қисман хароб кард.
Маълум аст, 15 хонаводае, ки дар минтақаҳои селзада зиндагӣ мекарданд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Барои осебдидагони сел дар Тоҷикистон қитъаи замин ҷудо мешавад
Қаблан боридани барфу сел ва сангрезиҳо дар Тоҷикистон аллакай боиси харобиҳо ва талафоти ҷонӣ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0