https://sputnik.tj/20220413/tasovir-muzokirot-marzi-1047605596.html
Тасовире аз музокироти марзӣ
Тасовире аз музокироти марзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон аз рафти музокироти ҳайатҳои тоҷику қирғиз чанд аксро гирд овард
2022-04-13T13:21+0500
2022-04-13T13:21+0500
2022-04-13T15:57+0500
акс
марз
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047604653_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_0548ebd50b211d018e12e0d109bfcae4.jpg
Шаби 12 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистони муноқишаи навбатӣ бо истифода аз силоҳҳои оташфишон сурат гирифт.Тирпаронӣ соати 18:20 дақиқаи бегоҳ дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Жан Жери ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлак қарор дорад, сар задааст.Бозгашти нерӯҳои иловагӣ аз марз ба минтақаҳои истиқрори доимии худ“Сабаби задухӯрди мусаллаҳона аз он шуруъ шудааст, ки сардори қисми сарҳадбонии Қулундуи Қирғизистон бо мошини хидматиаш ба назди сарҳадбонони тоҷик омада, як баҳси лафзиро шуруъ намудааст. Вале то наздик шудани сарҳадбонони тоҷик ба назди ӯ ва шуруи гуфтушунид сарҳадбонони қирғиз аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар ин миён сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушодаанд, ки дар натиҷа як сарбози қирғиз захмин гардидааст”, – гуфт манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.Баъди ин сарҳадбонони қирғиз сарбози захминшударо бо мошин бор карда, ба қафо баргашта, сипас аз намудҳои гуногуни силоҳ ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд.Бархе аз манобеъ хабар медиҳанд, ки дар пайи ин муноқиша чан низоми ва мардуми осоишта кушта ва захмӣ шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047604653_111:0:1071:720_1920x0_80_0_0_343001fb64f898930fb65b07ecbe4098.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз тоҷикистон қирғизистон
марз тоҷикистон қирғизистон
Тасовире аз музокироти марзӣ
13:21 13.04.2022 (Навсозишуда: 15:57 13.04.2022) Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз бегоҳи 12 апрел ноамнӣ иттифоқ афтод. Марзбонони ҳар ду кишвар сӯи ҳам тирпаронӣ намуданд. Баъдан музокироти ҳайатҳои тоҷику қирғиз сурат гирифт, ки Sputnik Тоҷикистон аз рафти он чанд аксро гирд овард
© Sputnik Мулоқоти ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз бо ҷамоати Хистеварзи ноҳия Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон сурат гирифт
Мулоқоти ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон дар деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз бо ҷамоати Хистеварзи ноҳия Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон сурат гирифт
© Sputnik Ин музокирот беш аз як соат идома кард ва феълан интизор меравад, ки баъди зуҳр миёни ҳайатҳо як протокол ба тасвиб расад
Ин музокирот беш аз як соат идома кард ва феълан интизор меравад, ки баъди зуҳр миёни ҳайатҳо як протокол ба тасвиб расад
© Sputnik Дар музокирот ҷониби Тоҷикистонро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва Навҷувон Навҷувонов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, намояндагӣ намуданд
Дар музокирот ҷониби Тоҷикистонро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва Навҷувон Навҷувонов, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, намояндагӣ намуданд
© Sputnik Пас аз ин мулоқот тавофуқ ҳосил шуд, ки қӯшунҳои ҳар ду кишвар ба маҳалли доимии худ баргардонда шаванд
Пас аз ин мулоқот тавофуқ ҳосил шуд, ки қӯшунҳои ҳар ду кишвар ба маҳалли доимии худ баргардонда шаванд
© Sputnik Дар протоколе, ки бояд рӯзи 13 апрел имзо шавад, таҳқиқи мунсифонаи тирпаронии ахир, масъалаи обёрии замин, берун кашидани нерӯҳо аз минтақаҳои наздимарзӣ ва ҳифзи амнияти сокинони наздимарзиро дарбар хоҳад гирифт
Дар протоколе, ки бояд рӯзи 13 апрел имзо шавад, таҳқиқи мунсифонаи тирпаронии ахир, масъалаи обёрии замин, берун кашидани нерӯҳо аз минтақаҳои наздимарзӣ ва ҳифзи амнияти сокинони наздимарзиро дарбар хоҳад гирифт
© Sputnik Феълан вазъият дар марз ором аст
Феълан вазъият дар марз ором аст
© Sputnik Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар марз Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар марз
© Sputnik Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар марз Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар марз
Шаби 12 апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистони муноқишаи навбатӣ бо истифода аз силоҳҳои оташфишон сурат гирифт.
Тирпаронӣ соати 18:20 дақиқаи бегоҳ дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Зафар”-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар рӯ ба рӯи деҳаи Жан Жери ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлак қарор дорад, сар задааст.
“Сабаби задухӯрди мусаллаҳона аз он шуруъ шудааст, ки сардори қисми сарҳадбонии Қулундуи Қирғизистон бо мошини хидматиаш ба назди сарҳадбонони тоҷик омада, як баҳси лафзиро шуруъ намудааст. Вале то наздик шудани сарҳадбонони тоҷик ба назди ӯ ва шуруи гуфтушунид сарҳадбонони қирғиз аз силоҳ оташ кушодаанд. Дар ин миён сарҳадбонони тоҷик оташи ҷавобӣ кушодаанд, ки дар натиҷа як сарбози қирғиз захмин гардидааст”, – гуфт манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Баъди ин сарҳадбонони қирғиз сарбози захминшударо бо мошин бор карда, ба қафо баргашта, сипас аз намудҳои гуногуни силоҳ ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик оташ кушодаанд.
Бархе аз манобеъ хабар медиҳанд, ки дар пайи ин муноқиша чан низоми ва мардуми осоишта кушта ва захмӣ шудааст.