https://sputnik.tj/20220413/qazoqiston-parad-nizomi-ruz-ghalaba-dast-kashid-1047617178.html
Қазоқистон аз баргузор кардани гузашти низомӣ дар Рӯзи ғалаба даст кашид
Қазоқистон аз баргузор кардани гузашти низомӣ дар Рӯзи ғалаба даст кашид
Sputnik Тоҷикистон
Маъмулан дар Қазоқистон гузашти низомӣ бахшида ба 9 май дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Охирон маротиба ин кишвар соли 2018 парад баргузор карда буд
2022-04-13T18:25+0500
2022-04-13T18:25+0500
2022-04-13T18:25+0500
осиёи марказӣ
қазоқистон
амният ва мудофиа
гузашти низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047611687_6:0:1018:569_1920x0_80_0_0_9ea9c6d810c8393208ab8291908c50a5.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки соли 2022 гузашти низомиро баргузор накунад, дар ҳоле ки охирин бор чунин як режаро соли 2018 баргузор карда буд.Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати дифои ин кишвар хабар додааст.Қобили зикр аст, ки дар солҳои 2020 ва 2021 ин кишвар бинобар авҷи бемории коронавирус баргузории гузашти низомиро лағв карда буд. Чунин чорабинӣ маъмулан дар Қазоқистон дар давоми ду сол як бор сурат мегирад.Феълан маълум нест, ки чаро мақомоти зиддахли Қазоқистон чунин тасмимгирӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки соли 2022 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон аст.Манбаъ меафзояд, ба ин муносибат барпо шудани чорабиниҳои идона ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар назар аст. Дар маҷмуъ, Вазорати дифоъ ният дорад, ки дар тамоми минтақаҳои Қазоқистон ҳудуди 50 чорабинии гуногун баргузор намояд.
https://sputnik.tj/20220406/rezhai-nizomi-9-may-maydoni-surkh-1047400314.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047611687_132:0:891:569_1920x0_80_0_0_a18736fc183f227cd803c97308bd1b7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон рӯзи ғалаба
Қазоқистон аз баргузор кардани гузашти низомӣ дар Рӯзи ғалаба даст кашид
Маъмулан дар Қазоқистон гузашти низомӣ бахшида ба 9 май дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Охирон бор ин кишвар соли 2018 парад баргузор карда буд
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки соли 2022 гузашти низомиро баргузор накунад, дар ҳоле ки охирин бор чунин як режаро соли 2018 баргузор карда буд.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати дифои ин кишвар хабар додааст.
"Гузашти низомӣ дар соли 2022 бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон ва Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба нақша гирифта нашудааст", - посух додаанд аз ин ниҳод ба хабаргузорӣ.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои 2020 ва 2021 ин кишвар бинобар авҷи бемории коронавирус баргузории гузашти низомиро лағв карда буд. Чунин чорабинӣ маъмулан дар Қазоқистон дар давоми ду сол як бор сурат мегирад.
Феълан маълум нест, ки чаро мақомоти зиддахли Қазоқистон чунин тасмимгирӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки соли 2022 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон аст.
Манбаъ меафзояд, ба ин муносибат барпо шудани чорабиниҳои идона ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар назар аст. Дар маҷмуъ, Вазорати дифоъ ният дорад, ки дар тамоми минтақаҳои Қазоқистон ҳудуди 50 чорабинии гуногун баргузор намояд.