https://sputnik.tj/20220413/khonanda-khujand-tahsil-ima-shveytsariya-1047623776.html
Ду хонандаи боистеъдод аз Хуҷанд барои таҳсил ба ИМА ва Швейтсария мераванд
Ду хонандаи боистеъдод аз Хуҷанд барои таҳсил ба ИМА ва Швейтсария мераванд
Sputnik Тоҷикистон
Хонандагони яке аз муассисаи таълимии тахассусии вилояти Суғд, тавонистанд бо дониши худ ҳакамони донишгоҳҳои ғарбиро фатҳ кунанд
2022-04-13T20:15+0500
2022-04-13T20:15+0500
2022-04-13T20:15+0500
маориф
грант
суғд
дар тоҷикистон
таҳсил
хориҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102976/96/1029769618_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_1eb5147c76fbf35d97efca36aede69de.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ду хонандаи литсейи кӯдакони лаёқатманди Хуҷанд ғолиби грантҳои хориҷӣ барои таҳсили минбаъда гардиданд. Хонандагони синфи 11 Амирбек Зокиров ва Самандар Самандаров дар Гран-при, озмунҳои донишгоҳҳои ИМА ва Швейтсария беҳтарин дониста шуданд. Маблағи грант 300,000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Сурайё Негматова, мудири ин муассисаи таълимӣ дар суҳбат бо хабарнигори “Sugdnews” гуфт, ба ин муассиса номаи расмии омодагӣ барои қабули ду хатмкардаи тоҷик ба таҳсил расидааст. Ба гуфтаи вай, инҳо Донишгоҳи Уолш дар ИМА ва Донишгоҳи Франклин дар Швейтсария мебошанд. Худи хонандагони синфҳои болоӣ пирӯзии худро натиҷаи сифати таълим аз ҷониби омӯзгорони маҳаллӣ ва барномаи таълимии литсей медонанд, ки дар он ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад. "Талаботи асосии ҳама озмунҳои байналмилалӣ донистани ҳатмии забони англисӣ мебошад. Ва донишҳои дар литсейгирифтаи мо имкон дод, ки барои идомаи таҳсил дар ин донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон грант ба даст орем", - гуфтанд бачаҳо. Амирбек Зокиров мехоҳад, ба факултети менеҷмент биравад ва Самандар Самандаров минбаъд низ дониши худро дар соҳаи технологияҳои IT такмил хоҳад дод. Ҷойҳои намоёни донишҷӯёни тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣҚаблан маълум шуда буд, ки мактаббачагони боистеъдоди Тоҷикистон тавонистанд дар олимпиадаи бонуфузи FISO 171 медали тило ба даст оранд. Даври байналмилалии озмун дар шакли фосилавӣ аз фанҳои математика, табиатшиносӣ, англисӣ ва санъати тасвирӣ баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20220413/donishkada-maskav-bursiya-1047617617.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102976/96/1029769618_5:0:2672:2000_1920x0_80_0_0_6446208206b3aff95dfa87ec8f38fb0d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хонандаи тоҷик, гранти 300 ҳазор долларӣ, маориф, хуҷанд, таҳсил, хориҷа
хонандаи тоҷик, гранти 300 ҳазор долларӣ, маориф, хуҷанд, таҳсил, хориҷа
Ду хонандаи боистеъдод аз Хуҷанд барои таҳсил ба ИМА ва Швейтсария мераванд
Хонандагони яке аз муассисаи таълимии тахассусии вилояти Суғд тавонистанд бо дониши худ ҳакамони донишгоҳҳои ғарбиро дар ҳайрат гузоранд
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ду хонандаи литсейи кӯдакони лаёқатманди Хуҷанд ғолиби грантҳои хориҷӣ барои таҳсили минбаъда гардиданд.
Хонандагони синфи 11 Амирбек Зокиров ва Самандар Самандаров дар Гран-при, озмунҳои донишгоҳҳои ИМА ва Швейтсария беҳтарин дониста шуданд.
Маблағи грант 300,000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Сурайё Негматова, мудири ин муассисаи таълимӣ дар суҳбат бо хабарнигори “Sugdnews” гуфт, ба ин муассиса номаи расмии омодагӣ барои қабули ду хатмкардаи тоҷик ба таҳсил расидааст.
Ба гуфтаи вай, инҳо Донишгоҳи Уолш дар ИМА ва Донишгоҳи Франклин дар Швейтсария мебошанд.
"Ин муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба феҳристи донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон ворид шудаанд. Таҳсил дар ин донишгоҳҳо барои 4 соли хониш аз 120 то 170 ҳазор доллар арзиш дорад", - шарҳ дод Негматова.
Худи хонандагони синфҳои болоӣ пирӯзии худро натиҷаи сифати таълим аз ҷониби омӯзгорони маҳаллӣ ва барномаи таълимии литсей медонанд, ки дар он ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
"Талаботи асосии ҳама озмунҳои байналмилалӣ донистани ҳатмии забони англисӣ мебошад. Ва донишҳои дар литсейгирифтаи мо имкон дод, ки барои идомаи таҳсил дар ин донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон грант ба даст орем", - гуфтанд бачаҳо.
Амирбек Зокиров мехоҳад, ба факултети менеҷмент биравад ва Самандар Самандаров минбаъд низ дониши худро дар соҳаи технологияҳои IT такмил хоҳад дод.
Қаблан маълум шуда буд, ки мактаббачагони боистеъдоди Тоҷикистон тавонистанд дар олимпиадаи бонуфузи FISO 171 медали тило ба даст оранд.
Даври байналмилалии озмун дар шакли фосилавӣ аз фанҳои математика, табиатшиносӣ, англисӣ ва санъати тасвирӣ баргузор гардид.