https://sputnik.tj/20220413/faronsa-kuma-ukraina-million-evro-1047619014.html
Ҳукумати Фаронса барои кумаки низомӣ ба Украина сад миллион евро харҷ кард
Ҳукумати Фаронса барои кумаки низомӣ ба Украина сад миллион евро харҷ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Фаронса барои кумаки низомӣ ва таҷҳизоти низомӣ ба Украина сад миллион евро харҷ кардааст
2022-04-13T19:05+0500
2022-04-13T19:05+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
фаронса
амалиёт
маблағ
сармоягузорӣ
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047619204_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a39d24bf6acbe025cee0d684fee6250b.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Фаронса аллакай барои кумаки низомӣ ва таҷҳизоти низомӣ ба Украина 100 миллион евро харҷ кардааст, гуфт Габриэл Аттал, сухангӯи кобинаи вазирон."Маблағи таҷҳизоти низомии Фаронса ба Украина аз оғози даргирии низомӣ 100 миллион евроро ташкил дод. Ва ман мехоҳам ёдовар шавам, ки ҳанӯз дар соли 2014 Фаронса аввалин таъминкунандаи аслиҳа ба Украина буд", - менависад РИА "Новости" аз қавли Аттал, ки зимни брифинги ҳукумат дар рӯзи чоршанбе ин оморро эълон кардааст.Вай афзуд, ки Порис ба Киев кумаки низомиро идома медиҳад. Қаблан расонаҳои фаронсавӣ гузориш дода буданд, ки Фаронса аз оғози амалиёти вижа барои кумак ба артиши Украина дар муқобила бо Русия аллакай ҳудуди 120 миллион евро харҷ кардааст. Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Набарди сарнавиштсоз барои Донбасс кай сурат мегирад?Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд. Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс гуфта шуд.
https://sputnik.tj/20220309/gurusnagi-faronsa-peshgui-1046636115.html
фаронса
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047619204_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_778919b43031f3b4e488793f69854b58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёти вижаи русия, украина, кумак
амалиёти вижаи русия, украина, кумак
Ҳукумати Фаронса барои кумаки низомӣ ба Украина сад миллион евро харҷ кард
19:05 13.04.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Ҳукумати Фаронса барои кумаки низомӣ ва таҷҳизоти низомӣ ба Украина сад миллион евро харҷ кардааст
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Фаронса аллакай барои кумаки низомӣ ва таҷҳизоти низомӣ ба Украина 100 миллион евро харҷ кардааст, гуфт Габриэл Аттал, сухангӯи кобинаи вазирон.
"Маблағи таҷҳизоти низомии Фаронса ба Украина аз оғози даргирии низомӣ 100 миллион евроро ташкил дод. Ва ман мехоҳам ёдовар шавам, ки ҳанӯз дар соли 2014 Фаронса аввалин таъминкунандаи аслиҳа ба Украина буд", - менависад РИА "Новости" аз қавли Аттал, ки зимни брифинги ҳукумат дар рӯзи чоршанбе ин оморро эълон кардааст.
Вай афзуд, ки Порис ба Киев кумаки низомиро идома медиҳад.
Қаблан расонаҳои фаронсавӣ гузориш дода буданд, ки Фаронса аз оғози амалиёти вижа барои кумак ба артиши Украина дар муқобила бо Русия аллакай ҳудуди 120 миллион евро харҷ кардааст.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс гуфта шуд.