https://sputnik.tj/20220412/yuri-gagarin-peshwoz-jahon-1047577884.html
"Бозгашт ба Замин": Юрий Гагаринро дар саросари ҷаҳон чӣ гуна пешвоз гирифтанд? - акс
"Бозгашт ба Замин": Юрий Гагаринро дар саросари ҷаҳон чӣ гуна пешвоз гирифтанд? - акс
Sputnik Тоҷикистон
Расо 61 сол аз парвози нахустини Юрий Гагарин ба кайҳон пур шуд, ки он рӯзи 12 апрели соли 1961 сурат гирифта буд
2022-04-12T18:42+0500
2022-04-12T18:42+0500
2022-04-12T18:54+0500
акс
юрий гагарин
кайҳон
кайҳоннавардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047577910_0:110:3191:1906_1920x0_80_0_0_77185d213691736d48e79b83df55fc80.jpg
Ва инак бо гузашти 61 сол, ҳамасола рӯзи 12 апрел дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардӣ ҷашн гирифта мешавад.Нахустин кайҳоннаварде, ки ба мадор баромад, Юрий Гагарин буд. Ӯ дар ин рӯз бо киштии кайҳонии "Восток" Заминро давр зад. Қабл аз парвоз Гагарин "рафтем!" хитоб намуда буд.Путин ваъда дод, ки ба сӯи Моҳ киштии кайҳонӣ партоб хоҳад кардДар солҳои баъд аз парвози нахустини кайҳонии Юрий Гагарин беш аз 500 нафар аз ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон ба кайҳон парвоз кардаанд.Шашуми августи соли 1961 киштии кайҳонии "Восток 2" бо кайҳоннавард Герман Титов парвоз кард. Парвози вай беш аз як шабонарӯз давом дошт. 11 ва 12 августи соли 1962 тавассути киштиҳои "Восток 3" ва "Восток 4" Андриян Николаев ва Павел Попович ва 16 июни соли 1963 нахустин зани кайҳоннавард Валентина Терешкова парвоз карданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0c/1047577910_462:0:3191:2047_1920x0_80_0_0_8255cdba01a71703d0c42a48e28acd95.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешвоз, юрий гагарин, кишварҳои гуногун,
пешвоз, юрий гагарин, кишварҳои гуногун,
"Бозгашт ба Замин": Юрий Гагаринро дар саросари ҷаҳон чӣ гуна пешвоз гирифтанд? - акс 18:42 12.04.2022 (Навсозишуда: 18:54 12.04.2022 )
Расо 61 сол аз парвози нахустини Юрий Гагарин ба кайҳон пур шуд, ки он рӯзи 12 апрели соли 1961 сурат гирифта буд
© Sputnik Кайҳоннаварди шӯравӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Юрий Алексеевич Гагарин дар Норвегия. Юрий Гагарин дар байни хонандагони мактаби миёнаи шаҳри Берген.
Кайҳоннаварди шӯравӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Юрий Алексеевич Гагарин дар Норвегия. Юрий Гагарин дар байни хонандагони мактаби миёнаи шаҳри Берген.
© Sputnik / Alexander Mokletsov Маҷлиси ботантана дар Маскав бо аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон Юрий Гагарин, ки парвози кайҳониро дар киштии "Восток-1" бомуваффақият анҷом дод. Маскавиҳо дар бом кайҳоннавардро пешвоз мегиранд.
Маҷлиси ботантана дар Маскав бо аввалин кайҳоннаварди ҷаҳон Юрий Гагарин, ки парвози кайҳониро дар киштии "Восток-1" бомуваффақият анҷом дод. Маскавиҳо дар бом кайҳоннавардро пешвоз мегиранд.
© Sputnik / Pavel Barashev Сафари кайҳоннаварди ИҶШС, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Юрий Гагарин ба Ҷопон. Сокинони Ҳоккайдо аввалин кайҳоннаварди ҷаҳонро бо рӯҳбаландӣ пешвоз мегиранд.
Сафари кайҳоннаварди ИҶШС, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Юрий Гагарин ба Ҷопон. Сокинони Ҳоккайдо аввалин кайҳоннаварди ҷаҳонро бо рӯҳбаландӣ пешвоз мегиранд.
© Sputnik / Oleg Ivanov Зани кайҳоннавард Юрий Гагарин Валентина ба Замин баргаштани шавҳарашро интизор аст.
Зани кайҳоннавард Юрий Гагарин Валентина ба Замин баргаштани шавҳарашро интизор аст.
© Sputnik / Yury Somov Паёми ТАСС дар бораи нахустин парвози инсон ба кайҳон хабари сериқтибосовартарин дар ҷаҳон гардид. Маскавиҳо дар дуконҳои газетаҳо репортажро дар бораи ба коинот парвоз кардани аввалин кайҳоннавард Юрий Гагарин мехонанд.
Паёми ТАСС дар бораи нахустин парвози инсон ба кайҳон хабари сериқтибосовартарин дар ҷаҳон гардид. Маскавиҳо дар дуконҳои газетаҳо репортажро дар бораи ба коинот парвоз кардани аввалин кайҳоннавард Юрий Гагарин мехонанд.
© Sputnik / Pavel Barashev Кайҳоннаварди ИҶШС, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Юрий Гагарин бо таклифи ноиби президент ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Миср, маршал Абдулҳаким Умар ба ин кишвар рафт.
Кайҳоннаварди ИҶШС, Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Юрий Гагарин бо таклифи ноиби президент ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Миср, маршал Абдулҳаким Умар ба ин кишвар рафт.
© Sputnik / Iosif Budnevich Паёми ТАСС дар бораи нахустин парвози инсон ба кайҳон хабари сериқтибосовартарин дар ҷаҳон гардид. Коргарони фабрикаи либосдӯзии Алмаато дар бораи аввалин парвози кайҳонии Юрий Гагарин хабареро аз радио мешунаванд. 12 апрели соли 1961.
Паёми ТАСС дар бораи нахустин парвози инсон ба кайҳон хабари сериқтибосовартарин дар ҷаҳон гардид. Коргарони фабрикаи либосдӯзии Алмаато дар бораи аввалин парвози кайҳонии Юрий Гагарин хабареро аз радио мешунаванд. 12 апрели соли 1961.
© AFP 2023 Маҷаллаҳои Фаронса дар бораи парвози кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Гагарин хабар медиҳанд, ки 12 апрели соли 1961 анҷом шуд.
Ӯ аввалин инсоне гардид, ки дар киштии "Восток I" ба коинот парвоз кард.
Маҷаллаҳои Фаронса дар бораи парвози кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Гагарин хабар медиҳанд, ки 12 апрели соли 1961 анҷом шуд.
Ӯ аввалин инсоне гардид, ки дар киштии "Восток I" ба коинот парвоз кард.
© Sputnik Юрий Гагарин бо таклифи шахсии раиси Шӯрои Вазирони Куба Фидел Кастро ба Куба рафт.
Юрий Гагарин бо таклифи шахсии раиси Шӯрои Вазирони Куба Фидел Кастро ба Куба рафт.
© AP / Bob Dear Юрий Гагарин, кайҳоннаварди рус (аз рости марказ) 14 июли соли 1961 дар қабристони Ҳайгейт дар Лондон бар пояи қабри Карл Маркс, ки ҳамчун яке аз муаллифони коммунизм эҳтиром мешавад, гулчанбар гузошт.
Кӯдакон аз қабристон мегузаранд, то қаҳрамони кайҳонро бинанд.
Юрий Гагарин, кайҳоннаварди рус (аз рости марказ) 14 июли соли 1961 дар қабристони Ҳайгейт дар Лондон бар пояи қабри Карл Маркс, ки ҳамчун яке аз муаллифони коммунизм эҳтиром мешавад, гулчанбар гузошт.
Кӯдакон аз қабристон мегузаранд, то қаҳрамони кайҳонро бинанд.
© AP Юрий Гагаринро дар Афина сарвазири Юнон Константин Караманлис пешвоз мегирад. Соли 1962 Гагарин шаҳрванди фахрии Афина гардид.
Юрий Гагаринро дар Афина сарвазири Юнон Константин Караманлис пешвоз мегирад. Соли 1962 Гагарин шаҳрванди фахрии Афина гардид.
© Sputnik / Pavel Barashev Сафари Юрий Гагарин бо таклифи хукумати Сейлон бо ҳамроҳии як гуруҳ шаҳрвандони советӣ ва занаш Валентина Гагарина. Чунин плакатҳо ба забонҳои сингалӣ ва русӣ тамоми роҳҳои ин мамлакатро зинат медоданд.
Сафари Юрий Гагарин бо таклифи хукумати Сейлон бо ҳамроҳии як гуруҳ шаҳрвандони советӣ ва занаш Валентина Гагарина. Чунин плакатҳо ба забонҳои сингалӣ ва русӣ тамоми роҳҳои ин мамлакатро зинат медоданд.
© Sputnik / Yuriy Abramochkin Юрий Гагарин баъд аз парвози афсонавии худ ба коинот барои истироҳат ба Сочи омад. Юрий Гагарин (аз чап) ва занаш Валентина дар аэродроми Сочи аз ҳавопаймо фаромаданд.
Юрий Гагарин баъд аз парвози афсонавии худ ба коинот барои истироҳат ба Сочи омад. Юрий Гагарин (аз чап) ва занаш Валентина дар аэродроми Сочи аз ҳавопаймо фаромаданд.
© Sputnik / Pavel Barashev Юрий Алексеевич Гагарин бо таклифи Ҷамъияти "Финландия — ИҶШС" дар Иди дӯстии Иттифоқи Шӯравӣ ва Финландия дар Финландия. Юрий Гагарин меҳмони фахрии урдӯгоҳи байналхалқии ҷавонон дар шаҳри Кем мебошад.
Юрий Алексеевич Гагарин бо таклифи Ҷамъияти "Финландия — ИҶШС" дар Иди дӯстии Иттифоқи Шӯравӣ ва Финландия дар Финландия. Юрий Гагарин меҳмони фахрии урдӯгоҳи байналхалқии ҷавонон дар шаҳри Кем мебошад.
© AFP 2023 / TASS Мардум аксҳои кайҳоннавард Юрий Гагаринро дар даст доранд.
Мардум аксҳои кайҳоннавард Юрий Гагаринро дар даст доранд.
Ва инак бо гузашти 61 сол, ҳамасола рӯзи 12 апрел дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардӣ ҷашн гирифта мешавад.
Нахустин кайҳоннаварде, ки ба мадор баромад, Юрий Гагарин буд. Ӯ дар ин рӯз бо киштии кайҳонии "Восток" Заминро давр зад. Қабл аз парвоз Гагарин "рафтем!" хитоб намуда буд.
Дар солҳои баъд аз парвози нахустини кайҳонии Юрий Гагарин беш аз 500 нафар аз ҳудуди 40 кишвари ҷаҳон ба кайҳон парвоз кардаанд.
Шашуми августи соли 1961 киштии кайҳонии "Восток 2" бо кайҳоннавард Герман Титов парвоз кард. Парвози вай беш аз як шабонарӯз давом дошт. 11 ва 12 августи соли 1962 тавассути киштиҳои "Восток 3" ва "Восток 4" Андриян Николаев ва Павел Попович ва 16 июни соли 1963 нахустин зани кайҳоннавард Валентина Терешкова парвоз карданд.