Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

"Роспотребнадзор" аз лағви бармаҳали маҳдудиятҳои ковидӣ ҳушдор дод

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкМасочный режим
Масочный режим  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Ба бовари "Роспотребнадзор", аз ҳад барвақт аз байн бурдани маҳдудиятҳои ковидӣ метавонад боиси афзоиши бемориҳо гардад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. "Роспотребнадзор" ҳушдор додааст, ки лағви маҳдудиятҳои ковидӣ метавонад боиси авҷи бемориҳо гардад, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, ин ниҳод ҳамзамон пешгӯӣ намудааст, ки дар сурати сар задани маризиҳо эҳтимол боз маҳдудиятҳои қавитар ҷорӣ шаванд.
Қаблан мири шаҳри Маскав Сергей Собянин аз 15 март низоми ниқобпӯширо лағв карда буд.
Собянин тасмимашро чунин шарҳ дод, ки вазъи эпидемиологӣ дар пойтахти Русия рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва ин қарори деринтизор қабул карда шуд.
Илова бар ин чораҳои беҳдоштӣ дар корхонаву идораҳо, аз ҷумла ҳамарӯза чен кардани ҳарорати бадан ва риояи фосила байни кормандон лағв карда шуд.
Главный государственный санитарный врач РФ Анна Попова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2022
Раиси "Роспотребнадзор" гуфт, пандемияи коронавирус поён наёфтааст
Ин дар ҳолест ки чанде пеш роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова изҳор дошта буд, ки пандемияи коронавирус дар Русия поён наёфтааст ва вазъро набояд анҷомёфта ҳисобид.
"Чизе анҷом наёфтааст. Вазъро феълан хатмшуда набояд ҳисоб кард. Ҳар боре дар ҷое ба таври назаррас чораҳо зидди ин беморӣ заиф шаванд, мо рушдро мушоҳида мекунем", - изҳор дошт Попова.
Ӯ афзуд, нишондоди паҳншавии коронавирус дар минтақаҳое, ки маҳдудиятҳоро бардошта истодаанд, бештар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ низ бинобар ба эътидол омадани вазъи коронавирус чандин маҳдудияти ковидиро бекор кард.
Аз ҷумла дар Тоҷикистон пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ лағв шуд. Инчунин маҳдудиятҳо дар тӯй ва дигар ҷашну маросими миллӣ ҳам бекор гардид.
Аммо иқдоми нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва муҷаҳҳаз кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ бо маводи зиддиуфунӣ дар Тоҷикистон ҳамоно ҳифз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0