Чӣ гуна бояд муҳоҷирон ба зиндагӣ дар Русия мутобиқ карда шаванд - видео

Обуна шудан
Сол то сол теъдоди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар Русия меафзояд
Дар 10-15 соли охир шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ба маротиб афзудааст. Сокинони Осиёи Миёна аз чор се ҳиссаи онҳоеро, ки ба кор омадаанд, ташкил медиҳанд, аз ин рӯ мутобиқшавии иҷтимоӣ барои онҳо хеле муҳим аст.
Дмитрий Полетаев, номзади илмҳои иқтисод, ходими пешбари Пажуҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи чӣ гуна амалӣ кардани чунин иқдомот нақл кард.
Дар Русия муҳоҷирони таҳсилкарда бештар шудааст
Коршинос қайд кард, ҳама муноқишаҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки шахс намедонад, ба куҷо муроҷиат кунад ва чӣ гуна вазъияташро ҳал кунад, инчунин вақте ки пуштибонӣ ва дастгирӣ эҳсос намекунад.
Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон аз лиҳози иҷтимоӣ комилан ҳимоят намешаванд, корфармоён намехоҳанд бо онҳо шартномаи меҳнатӣ банданд, соҳибхонаҳо намехоҳанд онҳоро дар ҷои иқомат сабти ном кунанд.
Муҳоҷирон дар Русия бештар дар Маскав ва вилояти Маскав ҷиноят содир мекардаанд
Ҳамаи ин боиси оқибатҳои манфӣ дар шакли низоъҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои муҳоҷирон дар ҷомеаи Русия мегардад.
Полетаев афзуд, бояд қоидаҳоеро шарҳ дод, ки ба мутобиқшавии иҷтимоии муҳоҷирони донишомӯз ва меҳнатӣ пеш аз тарк кардани ватанашон мусоидат мекунанд.
Ба гуфтаи вай, ин вазифаи марказҳои таълимии пеш аз сафар ва бешубҳа, расонаҳост.
Ҳар як низоъ натиҷаи вазъияти ноумедкунанда аст, бинобар ин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо бояд дар ҷои аввал бошад, гуфт профессор.
Ба эътиқоди ӯ, бо ёрии телефонҳои боварӣ, ки хориҷиён метавонанд бо мушкилоти худ ба онҳо муроҷиат кунанд, иқдомҳоеро, ки аз қонуншиканиҳо пешгирӣ мекунанд, амалӣ кардан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0