Маҳдудияти парвозҳо ба як қатор қисматҳои Русия тамдид шуд

CC BY-SA 2.0 / Anna Zvereva / Nordwind AirlinesСамолет авиакомпании "Nordwind"
Самолет авиакомпании Nordwind - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2022
Обуна шудан
Русия бори дигар маҳдудиятҳои парвозҳо дар қисматҳои ҷанубӣ ва марказии ин кишварро тамдид кард. Бо ин ҳол ба мусофирон тавсия дода мешавад, ки аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои ҳамсоя истифода кунанд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ бори дигар манъи парвозҳо дар қисмати марказӣ ва ҷануби Русияро тамдид мекунад.
Дар ин бора дар торномаи агентӣ хабар дода мешавад.

"То соати 03:45-и 19 апрел, (ба вақти Маскав) маҳдудияти муваққатии парвозҳо ба 11 фурудгоҳи Русия тамдид карда шуд: Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленджик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста", - омадааст дар хабар.

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои мусофироне, ки ба ин шаҳрҳо сафар мекунанд, тавсия медиҳанд, ки аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав истифода кунанд.
Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ гуфт, боқимондаи бандарҳои ҳавоии Русия, аз ҷумла бандарҳои байналмилалӣ, ба таври муқаррарӣ кор мекунанд.
Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ рӯзи 24 феврал, замони оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина барои парвозҳо дар дохили Русия маҳдудият ҷорӣ кард.
Аз Русия ба куҷо парвоз кардан мумкин аст: рӯйхати кишварҳо
Қаблан Русия маҳдудиятҳои ковидиро дар баъзе парвозҳои хориҷӣ лағв карда буд.
Дар охири моҳи март 15 кишвар барои парвозҳо аз Русия кушода шуданд, аз ҷумла: Туркия, Иморати Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Қатар, Марокаш, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка.
Дар ҳамин ҳол агар пешниҳодҳои сайёҳӣ ба назар гирифта шаванд, сатҳои парвоз ба 29 мақсад мерасад. Аммо барои расидан ба ҷои истироҳат аз тариқи кишвари сеюм парвоз кардан лозим аст.
Лентаи хабарҳо
0