https://sputnik.tj/20220412/giriftan-ravodid-khorvatiya-tojikistoniyon-qulay-1047565328.html
Гирифтани раводиди Хорватия барои тоҷикистониён осон шуд
Гирифтани раводиди Хорватия барои тоҷикистониён осон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯяд, гирифтани раводиди Хорватия барои тоҷикистониён ҳамакнун осон гардид
2022-04-12T11:47+0500
2022-04-12T11:47+0500
2022-04-12T13:47+0500
дар тоҷикистон
хорватия
сиёсат
раводид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101381/21/1013812170_182:0:1704:856_1920x0_80_0_0_f93963fe602ec22f91b89361649bd31f.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Сар аз охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ гирифтани раводиди Хорватия барои шаҳрвандони Тоҷикистон осон шуд. Ҳоло хоҳишмандони сафар ба Хорватия имкон доранд, ки ба Маркази дархости раводиди VFS "Global" дар Душанбе муроҷиат кунанд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар дод.Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Нурсултон, ин дархост аз сафорати Хорватия дар Қазоқистон ворид шудааст.Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия 1 апрели соли 1999 барқарор шудаанд.Қаблан Эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз сафири навтаъйини Хорватия эътимоднома қабул карда буд.Манбаъ меафзояд, пас аз супоридани эътимоднома Эмомалӣ Раҳмон перомуни муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули андеша карданд.Зимнан, сафири навтаъйини Хорватия дар Тоҷикистон Рефик Шабанович бардошти худро пас аз мулоқот бо президенти мамлакат чунин баён намудааст, ки "Эмомалӣ Раҳмон аз имконияту зарфияти васеи ҳамкории Тоҷикистон ва Хорватия дар соҳаҳои иқтисоду сиёсат, сармоягузорӣ ва фарҳанг ҳарф заданд".Ӯ гуфт, президент аз сафари худ ба Хорватия бо хушнудӣ ёдовар шуд. Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бо сафари корӣ аз Ҷумҳурии Хорватия дидан намуда буд.
https://sputnik.tj/20220321/tasisi-markazi-khidmatrasoni-shinosnomadihi-ravodid-rusiya-tojikiston-1046973362.html
хорватия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101381/21/1013812170_554:22:1704:885_1920x0_80_0_0_fb23316f9d289d0d4223c8e0107733f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раводид хорватия тоҷикистон
раводид хорватия тоҷикистон
Гирифтани раводиди Хорватия барои тоҷикистониён осон шуд
11:47 12.04.2022 (Навсозишуда: 13:47 12.04.2022) Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мегӯяд, гирифтани раводиди Хорватия барои тоҷикистониён ҳамакнун осон гардид
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Сар аз охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ гирифтани раводиди Хорватия барои шаҳрвандони Тоҷикистон осон шуд.
Ҳоло хоҳишмандони сафар ба Хорватия имкон доранд, ки ба Маркази дархости раводиди VFS "Global" дар Душанбе муроҷиат кунанд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар дод.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Нурсултон, ин дархост аз сафорати Хорватия дар Қазоқистон ворид шудааст.
Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия 1 апрели соли 1999 барқарор шудаанд.
Қаблан Эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз сафири навтаъйини Хорватия эътимоднома қабул карда буд.
Манбаъ меафзояд, пас аз супоридани эътимоднома Эмомалӣ Раҳмон перомуни муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули андеша карданд.
Зимнан, сафири навтаъйини Хорватия дар Тоҷикистон Рефик Шабанович бардошти худро пас аз мулоқот бо президенти мамлакат чунин баён намудааст, ки "Эмомалӣ Раҳмон аз имконияту зарфияти васеи ҳамкории Тоҷикистон ва Хорватия дар соҳаҳои иқтисоду сиёсат, сармоягузорӣ ва фарҳанг ҳарф заданд".
Ӯ гуфт, президент аз сафари худ ба Хорватия бо хушнудӣ ёдовар шуд. Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бо сафари корӣ аз Ҷумҳурии Хорватия дидан намуда буд.