https://sputnik.tj/20220411/tolibon-hukumat-omuzish-zanon-dark-1047556454.html
Толибҳо: Ҳукумати мо зарурати омӯзиш барои занонро дарк мекунад
Толибҳо: Ҳукумати мо зарурати омӯзиш барои занонро дарк мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сарпарасти вазорати маорифи ҳукумати муваққати толибон дубора ваъда додааст, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд
2022-04-11T22:20+0500
2022-04-11T22:20+0500
2022-04-12T13:13+0500
афғонистон
толибон
мактаб
духтарон
ваъда
таҳсил
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043256851_0:213:3069:1939_1920x0_80_0_0_0d0edcb51174415a1d997efb18860421.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир, сарпарасти Вазорати маорифи толибон гуфтааст, ки ин гурӯҳ барои боз кардани мактабҳои духтарона дар саросари кишвар таҳти фишор қарор гирифтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон. Мунир дар изҳороти ахири худ афзуд, толибон зарурати таҳсил барои мардон ва занонро дарк мекунанд.Ӯ ба расонаҳо гуфтааст, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд.Зиёда аз 7 моҳ мешавад, ки дар Афғонистон мактабҳои духтарона барои духтарони донишомӯз баста шудаанд.Намояндаи ҳукумати толибон ваъда дода буданд, ки дар аввали соли нави хониш макотиб боз мешаванд, аммо дар ибтидои соли хониш бори дигар фармон содир шуд, дари мактабҳоро ба рӯи духтарон, ки дар синфҳои болоӣ таҳсил мекунанд, баста шавад.Ин иқдоми толибон дар кишварҳои мухталифи дунё вокунишҳои зиёдеро алайҳи ин гурӯҳ ба бор овард.Дабири кулли СММ дар як ҷаласаи вижа дар масъалаи таҳсили духтарон дар Афғонистон изҳори назар кард ва гуфт, макотиб ба рӯи духтарон дар ин кишвар ҳарчи зуд боз карда шавад. Намояндагони гурӯҳи толибон борҳост, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои боз кардани макотиби духтарона ваъда медиҳанд, аммо амале дар ин хусус анҷом намедиҳанд.
https://sputnik.tj/20220410/vazorati-khorijai-tolibon-saforati-afghoniston-maskav-diplomat-1047518748.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/03/1043256851_118:0:2849:2048_1920x0_80_0_0_5ccda6aa8b916126e290b5b3b99fbf90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, таҳсил, маориф, макотиб, духтарон, толибон, ваъда
афғонистон, таҳсил, маориф, макотиб, духтарон, толибон, ваъда
Толибҳо: Ҳукумати мо зарурати омӯзиш барои занонро дарк мекунад
22:20 11.04.2022 (Навсозишуда: 13:13 12.04.2022) Сарпарасти Вазорати маорифи ҳукумати муваққати толибон дубора ваъда додааст, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир, сарпарасти Вазорати маорифи толибон гуфтааст, ки ин гурӯҳ барои боз кардани мактабҳои духтарона дар саросари кишвар таҳти фишор қарор гирифтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Мунир дар изҳороти ахири худ афзуд, толибон зарурати таҳсил барои мардон ва занонро дарк мекунанд.
Ӯ ба расонаҳо гуфтааст, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд.
Зиёда аз 7 моҳ мешавад, ки дар Афғонистон мактабҳои духтарона барои духтарони донишомӯз баста шудаанд.
Намояндаи ҳукумати толибон ваъда дода буданд, ки дар аввали соли нави хониш макотиб боз мешаванд, аммо дар ибтидои соли хониш бори дигар фармон содир шуд, дари мактабҳоро ба рӯи духтарон, ки дар синфҳои болоӣ таҳсил мекунанд, баста шавад.
Ин иқдоми толибон дар кишварҳои мухталифи дунё вокунишҳои зиёдеро алайҳи ин гурӯҳ ба бор овард.
Дабири кулли СММ дар як ҷаласаи вижа дар масъалаи таҳсили духтарон дар Афғонистон изҳори назар кард ва гуфт, макотиб ба рӯи духтарон дар ин кишвар ҳарчи зуд боз карда шавад. Намояндагони гурӯҳи толибон борҳост, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои боз кардани макотиби духтарона ваъда медиҳанд, аммо амале дар ин хусус анҷом намедиҳанд.