Раисҷумҳур муовини нави вазири молияро таъйин кард

© Sputnik Новое здание Министерства финансов Таджикистана
Новое здание Министерства финансов Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон муовини нави вазири молияи кишвар ва мудири нави Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияро таъйин кард
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, бо қарори навбатии роҳбари давлат Қурбониён Сарвар Собир муовини вазири молияи Тоҷикистон таъйин шудааст.
Ҳамзамон бо қарори дигари раисҷумҳур Абдураҳмонзода Нигина Шуҳрат директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба кадрҳои навтаъйиншуда таъкид кардааст, ки бо дасту дилу нияти пок ба Ватан хидмат намоянд.
Директор Агентства гражданской авиации Икром Субхонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Аз авиатсия ба маориф. Ба Субҳонзода вазифаи нав доданд
Вай гуфт, дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд ва вазифаҳои хидматии худро бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоянд.
Ёдрас менамоем, ки дар бархе аз сохторҳои давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бо фармону қарорҳои раисҷумҳур чандин мансабдори нав ба вазифаҳои гуногун таъйин шуданд.
Лентаи хабарҳо
0