Илон Маск мехоҳад қароргоҳи "Twitter"-ро ба паноҳгоҳи бехонумонҳо табдил диҳад

© AFP 2023 / Patrick Pleul Генеральный директор Tesla Илон Маск на открытии производства Tesla в Грюнхайде
Генеральный директор Tesla Илон Маск на открытии производства Tesla в Грюнхайде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Сарватмандтарин марди ҷаҳон мехоҳад, ки идораи марказии шабакаи иҷтимоии "Twitter"-ро ба бесарпаноҳон диҳад
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Соҳибкор Илон Маск, ки баназдикӣ бузургтарин саҳҳоми "Twitter" шуд, пешниҳод кард, ки идораи марказии он дар Сан-Франсискоро ба паноҳгоҳи бехонумонон табдил дода шавад.
Маск назарсанҷии мувофиқро дар ин хусус шоми шанбе дар шабакаи иҷтимоӣ оғоз кард.

"Қароргоҳи "Twitter" дар Сан-Франсиско ба паноҳгоҳи мардуми бехонумон таюдил диҳем, зеро ба ҳар ҳол касе ба он ҷо намеояд", - гуфта мешавад дар паёме, ки дар зери он тавсия мешавад, ки "ҳа" ё "не"-ро пахш кунед.

То имрӯз беш аз 1,8 миллион корбар аллакай овоз додаанд. Зиёда аз 90% пешниҳоди Маскро дастгирӣ кардаанд.
Рӯзи шанбе Маск ташаббусеро оғоз кард, ки ба ҳамаи муштариёни обунаи пулакӣ ба "Twitter" - "Blue" мақоми корбарони тасдиқшудаи ин шабакаи иҷтимоиро диҳад.
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
"Forbes" Илон Маскро сарватмандтарин марди ҷаҳон эълон кард
Ин дар ҳолест, ки соҳибкори амрикоӣ, бузургтарин саҳмиядори "Tesla" ва "SpaceX" Илон Маск нахустин бор тибқи гузориши маҷаллаи "Forbes", сарватмандтарин одами ҷаҳон эътироф шудааст.
Вай тахминан 219 миллиард доллар дороӣ дорад ва дороии ӯ аз дороии муассиси "Amazon" Ҷефф Безос, ки дар ҷои дувум қарор дорад, 48 миллиард доллар зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0