Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Калибр"-и Русия С-300-ҳои аз Аврупо ба Украина интиқолёфтаро нобуд мекунанд

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкУничтоженные позиции дивизиона ЗРК С-300 ВСУ
Уничтоженные позиции дивизиона ЗРК С-300 ВСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Департаменти низомии Русия дар бораи аз байн бурдани системаи дифои ҳавоии шӯравӣ, ки Киев аз шарикони аврупоияш онро гирифтааст, гузориш дод
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия маҷмуаҳои мушакии зиддиҳавоии С-300-ро, ки яке аз кишварҳои аврупоӣ ба Украина додааст, бо як зарбаи дақиқ нобуд карданд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати дифои Русия Игор Конашенков иттилоъ дод.

"Мушакҳои дақиқипарвози дарёии "Калибр" дар канори ҷанубии шаҳри Днепропетровск маҷмуаи зиддимушакии С-300-ро, ки ба режими Киев яке аз кишварҳои аврупоӣ дода буд, дар паноҳгоҳе нобуд карданд", - гуфт ӯ.

Генерал-майор афзуд, ҳам ба тирандозҳои системаи дифои ҳавоӣ ва ҳам то ба 25 нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина зарба задаанд.
Илова бар ин дар минтақаи аҳолинишини Успеновка радари рӯшноӣ ва роҳнамоии S-300 аз кор мондааст.
Қаблан Эдуард Ҳегер, нахуствазири Словакия гуфта буд, ки Братислава системаи дифои ҳавоии С-300-ро ба Киев супурдааст ва дар иваз Амрико ваъда додааст, ки маҷмуаи "Патриот"-ро бар ихтиёри ӯ хоҳад гузошт.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Танк Т-14 Армата  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Украина танкҳои комилан навро таслими артиши Русия карданд
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, ҳама ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс масъуланд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Лентаи хабарҳо
0