Эълони қурби асъор дар Тоҷикистон: рублу доллар чанд шуд?

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2022
Обуна шудан
Пули русӣ дар бозори расмии арзи кишвар дар болотарин нишондиҳанда қарор дорад
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубл 171,5 сомонӣ қимат дорад.
Ин нишондиҳанда нисбат ба аввали моҳи ҷорӣ 21 сомонӣ гарон буда, болотарин нишондиҳанда тайи ду соли ахир аст.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ нисбат ба пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ боз коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро 13.5775 сомонӣ муқарар шудааст. Ин дар ҳолест, ки якуми апрел арзиши як евро аз марзи 14 сомонӣ боло буд.
Пули амрикоӣ бошад, дар ҳоли ноустувор буда, ҳар як доллар 12.5000 сомонӣ арзиш дорад. Ин нишондиҳанда ёздаҳ рӯз пеш 12,96 сомонӣ барои як доллар буд.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Иқтисоддони фаронсавӣ суқути доллар нисбати рублро пешгӯӣ кард
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар (144-154 сомонӣ барои 1000 рубл) нигоҳ доштаанд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 12.4000 то 12.5000 сомонӣ;
1 евро аз 13.5775 то 13.6000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1715 то 0.1640 сомонӣ.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0