Дар Қазоқистон бинобар камчинии ғалла кори осиёбҳо қатъ гардид

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкПшеница, собранная на полях, архивное фото
Пшеница, собранная на полях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Обуна шудан
Осиёбонҳо мегӯянд, ки онҳо танҳо барои яку ним ҳафта захираи ғалла доранду халос
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Осиёббонҳо дар Қазоқистон ба камбуди ғалла хабар дода, ҳамчунин аз боло рафтани арзиши он изҳори нигаронӣ намудаанд. Ба таъкиди онҳо, арзиши як тонна гандум ба 160 ҳазор баробар шудааст.
Бинобар ин феълан шумори зиёди осиёбҳо дар Қазоқистон кори худро боздоштанд. Гуфта мешавад, захираи ғалла танҳо барои яку ним ҳафта мерасаду халос.
Дар ҳамин ҳол, "ElDala.kz" хабар медиҳад, ки осиёбҳо ба муддати номуайян корро бас мекунанд.
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Нархи орд дар Тоҷикистон гарон шуд
"Ду- се ҳафта боз ғалла харида наметавонем, пешниҳод нест. Нархи як тонна 142 ҳазор танга буд, ғалларо нафурӯхтанд, 150 ҳазор ва ҳоло 160 ҳазор танга шуд. Барои хариди як тонна ғалла 168 ҳазор танга масраф мешавад. Арзиши орд бошад, 235 ҳазор танга мешавад. Яъне бояд дар назар дошт, ки орд хеле гарон мешавад. Ин афзоиши ногузир аст, зеро 85 дарсади масрафи мо барои дарёфти ашёи хом аст", - гуфт Талгатбек Алихон, ҷонишини раиси Иттиҳодияи ғаллатозакунӣ.
Зимнан осиёббонҳо аз Вазорати кишоварзӣ тақозо доранд, ки содироти гандум аз Қазоқистон маҳдуд гардад.
Қаблан нархҳоро дар бозори дохилӣ воридоти гандуми арзонтари Русия, ки осиёббонҳои қазоқ аз он истифода мебурданд, нигоҳ медошт.
Ҳоло ки Русия содироти ғаллаи худро комилан қатъ кардааст, корхонаҳо ба таътили кори худ шуруъ намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0