Путин ва Лукашенко аз космодроми "Восточний" дидан мекунанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и президент Белоруссии Александр Лукашенко
Президент РФ Владимир Путин и президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Обуна шудан
Дар Рӯзи кайҳоннавардон, 12 апрел раисҷумҳурони Русия ва Беларус аз космодроми "Восточний" дидан мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Президент Русия дар Рӯзи кайҳоннавардон бо ҳамтои беларусии худ Александр Лукашенко аз космодроми "Восточний" дидан хоҳанд кард.
Дар ин бора "Россия 1" хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар Рӯзи кайҳоннавардон президентҳои Русия ва Беларус якҷоя ба космодроми "Восточний" парвоз карда, аз ҷараёни сохтмон шинос мешаванд.
Интизор меравад, раисҷумҳурон ба кайҳоннавардон мукофот, ҳамзамон ба суолҳои рӯзноманигорон посух диҳанд.
Илова бар ин, тавре ки шабакаи телевизионӣ қайд мекунад, Путин тасмим гирифтааст, ки дар бораи рушди Арктика суҳбат кунад.
Глава госкорпорации Роскосмос Дмитрий Рогозин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Ҳушдори Рогозин ба НАТО: Фаромӯш накунед, ки мо аз кайҳон шуморо назорат мекунем
Ааввалин парвози инсон ба кайҳон 12 апрели соли 1961 сурат гирифта буд.
Нахустин кайҳоннаварде, ки ба мадор баромад Юрий Гагарин буд. Ӯ дар ин рӯз бо кишти кайҳонии "Восток" Заминро давр зад. Қабл аз парвоз Гагарин "рафтем" хитоб намуда буд.
Лентаи хабарҳо
0