Як пояи барқи воридотии Тоҷикистон дар Кундуз мунфаҷир шудааст

© Sputnik / Селезнёв / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередачи ГЭС. Фото из архива.
Линии электропередачи ГЭС. Фото из архива. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2022
Обуна шудан
Манбаи маҳалие дар Кундуз ба бархе аз расонаҳо гуфта, ки афроди ношинос як пояи барқи воридотии Тоҷикистонро дар ин вилоят тавассути майн ҷосозишуда инфиҷор дидаанд
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Хабаргузории Sputnik Афғонистон дар истинод ба манобеи худ хабар додааст, ки ҳодисаи мазкур ахиран дар минтақаи Калаи Гови шаҳри Кундуз рух додааст.
Мақомоти толибон дар Кундуз таркишро таъйид карданд ва гуфтанд, ки як пояи барқи воридотӣ тахриб шудааст.
Қобили зикр аст, ки раванди таркиши пояҳои барқи воридотӣ ҳатто пас аз ба сари қудрат расидани толибон ҳам идома дорад.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Қарордод имзо шуд: Тоҷикистон як соли дигар ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Ёдрас менамоем, ки харидори аслии нерӯи барқи Тоҷикистон Афғонистон аст, ки дар соли гузашта 1 миллиарду 213,1 миллион кВт-соат барқ гирифтааст.
Ҳаҷми фурӯши нерӯи барқ ​​ба Афғонистон 612,2 миллион сомонӣ (54,1 миллион доллар)-ро ташкил додааст.
Ҳамчунин 1 миллиарду 145,7 миллион кВт-соат ба маблағи 259,4 миллион сомонӣ (ҳудуди 23 миллион доллар) ба Ӯзбекистон содир шудааст.
Ҳамзамон бояд гуфт, чанде пеш ширкати "Бришно"-и Афғонистон, ки бар барқрасонӣ машғул аст, эълон кард, аз ширкати "Барқи тоҷик" 33 миллион доллар қарздор аст.
Лентаи хабарҳо
0