https://sputnik.tj/20220410/peshnihod-parlumoni-rusiya-sodiroti-gazr-avrupo-qat-1047515427.html
Пешниҳод аз парлумони Русия: Содироти газро ба Иттиҳодияи Аврупо муваққатан қатъ кунед
Пешниҳод аз парлумони Русия: Содироти газро ба Иттиҳодияи Аврупо муваққатан қатъ кунед
Sputnik Тоҷикистон
Вакили Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки содироти газ ба Иттиҳодияи Аврупо муваққатан қатъ карда шавад
2022-04-10T14:05+0500
2022-04-10T14:05+0500
2022-04-11T15:23+0500
дар русия
думаи давлатӣ
вакил
содирот
газ
қатъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102742/78/1027427855_0:201:3283:2047_1920x0_80_0_0_02ea1efbe4b1d18d61376489e053f4c6.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Михаил Шеремет, вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Қрим пешниҳод кард, ки интиқоли газ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо муваққатан қатъ карда шавад.“Иттиҳоди Аврупо сиёсати хашмгину таҳқиромез дорад ва нисбати Русия беэҳтиромӣ мекунад. Дар посух ба амалҳои номатлуби онҳо, ман бовар дорам, ки мо бояд бо таҳримҳои шадид посух диҳем, муваққатан таъмини онҳоро бо манобеи энержӣ қатъ намоем. Рафиқони аврупоии мо бояд дарк кунанд, ки сиёсати таҷовузкорона нисбати Русия зараровар аст ва муҷозот хоҳанд шуд”, - гуфт Шеремет ба РИА "Новости".Ба ақидаи ӯ, Иттиҳодияи Аврупо бо интихоби Иёлоти Муттаҳида ҳамчун дӯсти беҳтаринаш иштибоҳи марговар кардааст.Як қатор кишварҳои ғарбӣ ба далели вазъи Украина алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия таҳримҳои Ғарб хеле ҷиддӣ мебошанд ва Русия ба онҳо пешакӣ омодагӣ гирифта буд.Қаблан муовини нахуствазири Русия Александр Новак гуфта буд, ки ҳатто баррасии рад кардани нафту гази Русия аз ҷониби Аврупо барои бозор таъсири манфӣ мерасонад. Ба қавли ӯ, бидуни нафту гази Русия иқтисоди ҷаҳонӣ фурӯ хоҳад рафт ва нархҳо пешгӯинашаванда хоҳанд шуд.Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки сиёсати боздошт ва заиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб асту таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ мезананд. Ба ақидаи ӯ, мақсади асосии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо одам мебошад. Путин ҳамчунин гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо амалан уҳдадориҳои худ дар назди Русияро иҷро накарданд ва захираҳои асъори онро мунҷамид карданд.
https://sputnik.tj/20220410/olmon-davra-vobasta-rusiya-gaz-1047512726.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102742/78/1027427855_271:0:3000:2047_1920x0_80_0_0_3c1464cba41f2356db1ce7a84a966ff5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, аврупо, газ, муваққатан қатъ, содирот, иттиҳодияи аврупо
русия, аврупо, газ, муваққатан қатъ, содирот, иттиҳодияи аврупо
Пешниҳод аз парлумони Русия: Содироти газро ба Иттиҳодияи Аврупо муваққатан қатъ кунед
14:05 10.04.2022 (Навсозишуда: 15:23 11.04.2022) Вакили Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки содироти газ ба Иттиҳодияи Аврупо муваққатан қатъ карда шавад
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Михаил Шеремет, вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Қрим пешниҳод кард, ки интиқоли газ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо муваққатан қатъ карда шавад.
“Иттиҳоди Аврупо сиёсати хашмгину таҳқиромез дорад ва нисбати Русия беэҳтиромӣ мекунад. Дар посух ба амалҳои номатлуби онҳо, ман бовар дорам, ки мо бояд бо таҳримҳои шадид посух диҳем, муваққатан таъмини онҳоро бо манобеи энержӣ қатъ намоем. Рафиқони аврупоии мо бояд дарк кунанд, ки сиёсати таҷовузкорона нисбати Русия зараровар аст ва муҷозот хоҳанд шуд”, - гуфт Шеремет ба РИА "Новости".
Ба ақидаи ӯ, Иттиҳодияи Аврупо бо интихоби Иёлоти Муттаҳида ҳамчун дӯсти беҳтаринаш иштибоҳи марговар кардааст.
Як қатор кишварҳои ғарбӣ ба далели вазъи Украина алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд. Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия таҳримҳои Ғарб хеле ҷиддӣ мебошанд ва Русия ба онҳо пешакӣ омодагӣ гирифта буд.
Қаблан муовини нахуствазири Русия Александр Новак гуфта буд, ки ҳатто баррасии рад кардани нафту гази Русия аз ҷониби Аврупо барои бозор таъсири манфӣ мерасонад. Ба қавли ӯ, бидуни нафту гази Русия иқтисоди ҷаҳонӣ фурӯ хоҳад рафт ва нархҳо пешгӯинашаванда хоҳанд шуд.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки сиёсати боздошт ва заиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб асту таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ мезананд. Ба ақидаи ӯ, мақсади асосии Ғарб бадтар кардани зиндагии миллионҳо одам мебошад. Путин ҳамчунин гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо амалан уҳдадориҳои худ дар назди Русияро иҷро накарданд ва захираҳои асъори онро мунҷамид карданд.