Солеҳ дар бораи даргириҳои Андароб: Ишғоли ваҳшатноки Афғонистон дар ҳоли шикаст аст

© AP / Kamran JebreiliАмрулла Салех
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Муовини нахусти раисҷумҳури фирории пешини Афғонистон аз шикасатни сеюмин юриши малишаҳои Покистон дар Андароб сухан кард
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини нахусти раисҷумҳури гурезии пешини Афғонистон дар "Твиттер" дар бораи муноқишаи Андраб навиштааст, ки ҳамлаи савуми ҷангҷӯёни толибон бо ҳимояти Покистон барои аз байн бурдани муқовимати Андроб ноком шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон
Вай афзуд, Андроб ҳоло ба як водии шикастнопазир табдил ёфтааст.
Вай дар идома менависад, ки толибон на танҳо аз дасти муқовимат, балки ба далели ихтилофоти дохилӣ ва ноҳамоҳангиашон талафоти бешуморе додаанд.
Вай дар поёни паёмаш қайд кардааст, ки ишғоли ваҳшатноки Афғонистон дар ҳоли шикаст аст.
Ёдрас мешавем, ки аз замони задухӯрдҳои байни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва ҷангҷӯёни толибон дар Андароб беш аз як ҳафта сипари мешавад.
Лентаи хабарҳо
0