Русия ба мактабҳои Тоҷикистон кумаки башардӯстона супурд

© Пресс-служба посольства РФ в РТПосольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла
Посольство России и Всемирная продовольственная программа (ВПП ООН) провели церемонию передачи Правительству Таджикистана 1485 тонн обогащенной пшеничной муки и 61 тонны растительного масла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Русия дар чаҳорчӯби Барномаи ҷаҳонии озуқа ба Тоҷикистон интиқоли маҳсулотро идома медиҳад: як бастаи дигари ғизо ба кишвар ворид шуд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Русия як бастаи бузурги борҳои башардӯстонаро ба Тоҷикистон супурд.
Маводи озуқаворӣ дар доираи лоиҳае, ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад, тавассути Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (WFP) интиқол дода шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии сафорати Русия дар Душанбе хабар додааст.
Кӯмаки ғизоӣ барои дастгирии барномаи ғизодиҳии талабаҳои мактаб пешбинӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, 948,5 тонна орди витаминдори истеҳсоли Русия, аз ҷумла беш аз 609 тоннааш ба Душанбе ва беш аз 338 тоннаи он ба Хуҷанд ворид шудааст.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Замони ифтитоҳи мактабҳои нави русӣ дар Суғд маълум шуд
Гуфта мешавад, ки то охири моҳи апрел захираи иловагии маводи ғизоӣ, аз ҷумла 1354 тонна орд, 60 тонна рӯғани офтобпараст ва 67 тонна нахӯди зард омода мешавад.

"Барои ташкили хӯроки гарми хонандагони синфҳои 1-4 дар чаҳорчӯби барномаи "Хӯроки мактабӣ" ба мактабҳои деҳот ғизо фиристода мешавад", - омадааст дар иттилоияи сафорат.

Дарёфти ин кумак ба шарофати саҳми пешбинишудаи Русия ба Хазинаи ҷаҳонии озуқа дар ҳаҷми 2 миллион доллар имконпазир шуд.
Аз соли 2013 Русия барои иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон беш аз 80 миллион доллар ихтисос додааст. Барномаи мазкур бузургтарин лоиҳаи Хазинаи ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон мебошад.
Вай дар баробари бо маводи ғизоӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ ҳамчунин дар навсозии системаи ғизои мактабҳои Тоҷикистон, аз ҷумла таъмиру бунёди ошхонаҳои мактабӣ, нонвойхонаҳо ва гармхонаҳо мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0