Ҷаҳиши бесобиқаи рубли русӣ дар Тоҷикистон: аз 170 сомонӣ гузашт

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Обуна шудан
Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи гузашта беш аз 20 сомонӣ афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Қурби пули русӣ дар Тоҷикистон ҳамон тавре ки дар поёни моҳи феврал поин рафт, бо ҳамон суръат, аммо баръакс боло меравад.
Субҳи 9 апрел дар бонкҳои Тоҷикстон бар ивази 1000 рули русӣ аз 170 то 171,5 сомонӣ медоданд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе барои 1000 рубл дар кишвар 148 ва рӯзи ҷумъа 163 медоданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин нишондиҳандаи болотарин қурби рубл давоми чанд соли ахир аст.
Бонки миллии Тоҷикистон низ расман барои рӯзи душанбе рублро 171,5 сомонӣ муқаррар кардааст.
Монеты номиналом один рубль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Коршинос сабабҳои устувории рублро шарҳ дод
Ёдовар мешавем, Бонки марказии Русия низ тайи чанд ҳафтаи ахир пайваста доллар коҳиш медиҳад. Ҳоло дар ин кишвар арзиши пули амрикоӣ ба ҳолати аввалияш баргашта 100 доллар 7400 рубл арзиш дорад.
Ба гуфтаи Олег Шибанов, директори Маркази технологияҳои молиявӣ ва таҳқиқоти иқтисоди рақамии СКОЛКОВО-РЭШ, рубли русӣ дар бозори арз устувориро нишон медиҳад ва ин мавқеъ метавонад то чанд муддат боқӣ монад.
Вай афзуд, ҳоло вазъи пешниҳоди зиёд аз ҷониби содиркунандагон, ки муваззафанд, 80 дарсади даромади арзии худро ба фурӯш гузоранд ва тақозои камтар аз воридкунандагон боқӣ мондааст.
Илова бар ин коршинос ба адами тақозо аз Вазорати молияи Русия ишора кард, ки ба далели мунҷамид шудани ҳисобҳои доллариаш доллар намехарад.
Ҳамзамон гашти бесобиқаи Путин, ки ба кишварҳои ғайридӯсти Русия гуфт, гази мехаридаашонро бо рубл пардохт кунанд, ба гуфти коршиносон, ба ҷаҳиши арзиши рубл таъсир гузошт.
Лентаи хабарҳо
0