https://sputnik.tj/20220408/tojikiston-mukholif-qat-uzviyat-rusiya-smm-1047482708.html
Тоҷикистон мухолифи қатъи узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ шуд
Тоҷикистон мухолифи қатъи узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи Русия курсии худро дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ нигоҳ медорад, аммо аз ҳуқуқи овоздиҳӣ ва имкони суханронӣ маҳрум мешавад
2022-04-08T18:56+0500
2022-04-08T18:56+0500
2022-04-08T21:03+0500
дар тоҷикистон
дар русия
смм
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102337/52/1023375238_0:156:1731:1130_1920x0_80_0_0_87387e855fc592d07d0149c4cf7984fc.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Тоҷикистон аз қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи мутаваққиф шудани узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башар ҳимоят накард, хабар медиҳад РИА "Новости". 23 давлати дигар, аз ҷумла Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон, Сурия, Ветнам ва як қатор давлатҳои дигар низ ба чунин иқдом мухолифат карданд. 93 кишвар барои қатъи узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ овоз додаанд. Сербия ва Исроил аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 58 давлат, аз ҷумла Миср, Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз мавзеъгирӣ дар ин хусус худдорӣ карданд.Тарҳи қатъномаро кишварҳои ғарбӣ бо ширкати Иёлоти Муттаҳида, Украина ва Латвия таҳия кардаанд. Тибқи матни он, Маҷмаи умумӣ ба далели "амалҳо дар Украина" узвияти Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи башар мутаваққиф мекунад. Аммо агар зарур бошад, қарор метавонад аз нав дида баромада шавад. Пас аз қабули ин санад Федератсияи Русия курсии худро дар ШҲБ нигоҳ медорад, аммо ҳуқуқи овоздиҳӣ ва имкони сухан гуфтанро аз даст медиҳад, шарҳ дод Абдулло Шаҳид, раҳбари дафтари намояндагии асосии созмон дар суҳбат бо РИА "Новости". Дар ҳамин ҳол Геннадий Кузмин, муовини намояндаи доимии Русия дар СММ аз хуруҷи ҳарчи зудтари ин кишвар аз Шӯрои ҳуқуқи башар аз 7 апрел хабар дод. Вай таъкид кард, ки ин тасмим ба маънии "буридан аз уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи башар нест". Ба гуфтаи Кузмин, Маскав ин қатъномаро "иқдоми ғайриқонунӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ" медонад ва худи шӯро "аз ҷониби як гурӯҳи кишварҳо инҳисор шудааст, ки аз он барои ҳадафҳои худ истифода менамоянд".Дар навбати худ Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, раъйи як қатор кишварҳои дӯст ба Федератсияи Русия барои хориҷ кардани он аз узвияти Созмони Милали Муттаҳид натиҷаи фишори русбадбинон аст. Вай афзуд, ин созмон аз хориҷ шудани Русия зиён мебинад.
https://sputnik.tj/20220317/rusiya-shuro-avrupo-khorij-1046858289.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102337/52/1023375238_0:0:1731:1299_1920x0_80_0_0_93d4b6312f191838c5823b2c16872117.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон мухолиф қатъ узвият русия смм
тоҷикистон мухолиф қатъ узвият русия смм
Тоҷикистон мухолифи қатъи узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ шуд
18:56 08.04.2022 (Навсозишуда: 21:03 08.04.2022) Федератсияи Русия курсии худро дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ нигоҳ медорад, аммо аз ҳуқуқи овоздиҳӣ ва имкони суханронӣ маҳрум мешавад
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Тоҷикистон аз қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи мутаваққиф шудани узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башар ҳимоят накард, хабар медиҳад РИА "Новости".
23 давлати дигар, аз ҷумла Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон, Сурия, Ветнам ва як қатор давлатҳои дигар низ ба чунин иқдом мухолифат карданд.
93 кишвар барои қатъи узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ овоз додаанд. Сербия ва Исроил аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 58 давлат, аз ҷумла Миср, Ҳиндустон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз мавзеъгирӣ дар ин хусус худдорӣ карданд.
Тарҳи қатъномаро кишварҳои ғарбӣ бо ширкати Иёлоти Муттаҳида, Украина ва Латвия таҳия кардаанд.
Тибқи матни он, Маҷмаи умумӣ ба далели "амалҳо дар Украина" узвияти Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи башар мутаваққиф мекунад. Аммо агар зарур бошад, қарор метавонад аз нав дида баромада шавад.
Пас аз қабули ин санад Федератсияи Русия курсии худро дар ШҲБ нигоҳ медорад, аммо ҳуқуқи овоздиҳӣ ва имкони сухан гуфтанро аз даст медиҳад, шарҳ дод Абдулло Шаҳид, раҳбари дафтари намояндагии асосии созмон дар суҳбат бо РИА "Новости".
Дар ҳамин ҳол Геннадий Кузмин, муовини намояндаи доимии Русия дар СММ аз хуруҷи ҳарчи зудтари ин кишвар аз Шӯрои ҳуқуқи башар аз 7 апрел хабар дод. Вай таъкид кард, ки ин тасмим ба маънии "буридан аз уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи башар нест".
Ба гуфтаи Кузмин, Маскав ин қатъномаро "иқдоми ғайриқонунӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ" медонад ва худи шӯро "аз ҷониби як гурӯҳи кишварҳо инҳисор шудааст, ки аз он барои ҳадафҳои худ истифода менамоянд".
Дар навбати худ Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, раъйи як қатор кишварҳои дӯст ба Федератсияи Русия барои хориҷ кардани он аз узвияти Созмони Милали Муттаҳид натиҷаи фишори русбадбинон аст.
Вай афзуд, ин созмон аз хориҷ шудани Русия зиён мебинад.