https://sputnik.tj/20220408/tojikiston-kumak-avrupo-afghoniston-1047467126.html
Тоҷикистон омодааст, кумакҳои Аврупоро ба Афғонистон расонад
Тоҷикистон омодааст, кумакҳои Аврупоро ба Афғонистон расонад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистонро ба ҳузур пазируфт
2022-04-08T13:55+0500
2022-04-08T13:55+0500
2022-04-08T19:04+0500
дар тоҷикистон
иттиҳоди аврупо
сиёсат
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047465117_0:106:1024:681_1920x0_80_0_0_d36a05ef96c61d4dbe328e89a029cf20.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон Томас Никлассон, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, дидору мулоқот кард.Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.Ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, мубодилаи афкор кардаанд.Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто омодагии Тоҷикистон барои расонидани кумаки логистикӣ ба Афғонистонро изҳор кардааст.Ҳамчунин дар ин мулоқот ҷонибҳо перомуни муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ибрози андеша намуда, масаъали таъмини амнияти минтақаиро муҳимтарин арзёбӣ кардаанд.Тоҷикистон ташкили ҳукумати фарогирро кафили суботи Афғонистон хондЭмомал Раҳмон аз раванди афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин ҷиноятҳои сайберӣ изҳори нигаронӣ кардааст.Дар ин росто кишвардор рушди ҳамкории Тоҷикистонро бо шарикони байналмилалӣ дар ҷодаи муқовимати самарабахш ба чолишҳо муҳим арзёбӣ намудааст.
иттиҳоди аврупо
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047465117_52:0:960:681_1920x0_80_0_0_084598ac5dbec22b9509c13cf0b9857a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, раҳмон, намояндаи махсуси иттиҳоди аврупо, томас никлассон
мулоқот, раҳмон, намояндаи махсуси иттиҳоди аврупо, томас никлассон
Тоҷикистон омодааст, кумакҳои Аврупоро ба Афғонистон расонад
13:55 08.04.2022 (Навсозишуда: 19:04 08.04.2022) Президенти Тоҷикистон ин масъаларо бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон матраҳ кард
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон Томас Никлассон, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, дидору мулоқот кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, мубодилаи афкор кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто омодагии Тоҷикистон барои расонидани кумаки логистикӣ ба Афғонистонро изҳор кардааст.
"Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ҳарчи зудтар афзоиш додани ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон таъкид карда, омодагии Тоҷикистонро барои расонидани кумак тавассути имкониятҳои логистикии худ изҳор дошт", - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин дар ин мулоқот ҷонибҳо перомуни муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ибрози андеша намуда, масаъали таъмини амнияти минтақаиро муҳимтарин арзёбӣ кардаанд.
Эмомал Раҳмон аз раванди афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин ҷиноятҳои сайберӣ изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар ин росто кишвардор рушди ҳамкории Тоҷикистонро бо шарикони байналмилалӣ дар ҷодаи муқовимати самарабахш ба чолишҳо муҳим арзёбӣ намудааст.