Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои гардишгарии Эрон аст

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Эрон эълон кард, ки ҷумҳурӣ барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ, бавижа дар бахши гардишгарии саломат омода аст
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Маъруфҷон Абдураҳмонов, дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар нишасти ҳамандешӣ ва табодули назар миёни комиссиюни гардишгарии утоқи Эрон ва сафорати он кишвар дар Теҳрон иштирок дошт.
Вай бо ишора ба равобити ду кишвар ва алоқаву иртибототи амиқи ду миллат бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми ҳавзаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ гуфт, ки афзоиши таъомулоту иртиботот тавсеаи тиҷоратро низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт .
Ҷаноби Абдураҳмонов ёдрас шуд, ки Эрону Тоҷикистон то кунун ҳудуди 180 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.
Вай афзуд, он чизе, ки ниёз аст, пайгирии ҷаддитар барои иҷроисозии барномаҳову пружаҳост.
Флаги Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2022
Эрон ба Русия барои пешгирӣ аз таҳримҳои ИМА чораҳо пешниҳод кард
Дабири аввали сафорати Тоҷикистон дар Эрон илова кард, ки дар соли 2020 ҳаҷми тиҷорати ду кишвар ба 57 миллион доллар ва ин рақам дар соли 2021 ба 121 миллион доллар расид.
Дипломати тоҷик қайд кард, ки дар Тоҷикистон заминаи мусоиде барои сармоягузорӣ ва ҳамкории ширкатҳои эронӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла доруӣ, гардишгарӣ, масолеҳи сохтмонию дигар соҳаҳо вуҷуд дорад ва бо таваҷҷуҳ ба имконоти Тоҷикистон барои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид барои содирот ба кишварҳои минтақа низ фароҳам аст.
Лентаи хабарҳо
0