https://sputnik.tj/20220408/suhbat-telefoni-rahmon-putin-1047468967.html
Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: сарони Тоҷикистону Русия аз чӣ гуфтанд
Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: сарони Тоҷикистону Русия аз чӣ гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Сарони Тоҷикистону Русия дар пайи ирсоли паёмҳои табрикӣ ба муносибати солгарди равобити дипломатӣ телефонӣ ҳамдигарро шодбош карда, равобити кишварҳоро... 08.04.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-04-08T14:32+0500
2022-04-08T14:32+0500
2022-04-08T19:15+0500
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/42/1028694290_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_1413ffb34d8d8d3ba93a725aadc7c99e.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.Дар оғоз сарони ду кишвар ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро табрик гуфтанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Эмомалӣ Раҳмон.Зимни мулоқот президентҳо бо қаноатмандӣ ба сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба, ки бар пояи анъанаҳои нек ва эҳтироми байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд, таъкид карданд.Ба иттилои манбаъ, раванди рушди вазъият дар Афғонистон ва ҳолати сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон аз мавзуоти дигари роҳбарони давлатҳо будааст. Ҳамчунин Раҳмон ва Путин дар робита ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули афкор анҷом доданд.Қаблан дар паёми шодбошияш Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, тайи се даҳсолаи равобит Маскаву Душанбе дар роҳи рушду таҳкими муносибатҳои дӯстии наздик ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчӯби шарикии стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.Президенти Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳама сатҳҳо баланд арзёбӣ карда гуфт, рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои мо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу амонӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.Дар ҳамин ҳол Владимир Путин гуфт, тӯли даҳсолаҳои сипаришуда ба онҳо муяссар шуда, ки робитаҳои байни Русия ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ ва иттиҳодии миёни ду кишвар бароранд. Муколамаи пурмазмуни сиёсӣ, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.Роҳбари Русия ҳамчунин изҳори бовар кардааст, ки тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони бо ҳам дӯсти ду кишвар буда, дар маҷрои таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20220408/rahmonu-putin-hamkorii-tojikistonu-rusiya-1047457782.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102869/42/1028694290_174:0:2905:2048_1920x0_80_0_0_814e22e18c39e3a8ed3f4c65ba3c6f3b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат раҳмон путин тоҷикистон русия
суҳбат раҳмон путин тоҷикистон русия
Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: сарони Тоҷикистону Русия аз чӣ гуфтанд
14:32 08.04.2022 (Навсозишуда: 19:15 08.04.2022) Сарони Тоҷикистону Русия дар пайи ирсоли паёмҳои табрикӣ ба муносибати солгарди равобити дипломатӣ телефонӣ ҳамдигарро шодбош карда, равобити кишварҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар оғоз сарони ду кишвар ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро табрик гуфтанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни мулоқот президентҳо бо қаноатмандӣ ба сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба, ки бар пояи анъанаҳои нек ва эҳтироми байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд, таъкид карданд.
"Дар ин зимн ҷонибҳо ҷараёни рушди афзояндаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин сатҳи кунунии ҳамкории Тоҷикистону Русияро дар соҳаи амниятӣ баланд арзёбӣ намуданд", - афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, раванди рушди вазъият дар Афғонистон ва ҳолати сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон аз мавзуоти дигари роҳбарони давлатҳо будааст.
Ҳамчунин Раҳмон ва Путин дар робита ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақаӣ табодули афкор анҷом доданд.
Қаблан дар паёми шодбошияш Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, тайи се даҳсолаи равобит Маскаву Душанбе дар роҳи рушду таҳкими муносибатҳои дӯстии наздик ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чорчӯби шарикии стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Президенти Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳама сатҳҳо баланд арзёбӣ карда гуфт, рушди минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои мо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу амонӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Дар ҳамин ҳол Владимир Путин гуфт, тӯли даҳсолаҳои сипаришуда ба онҳо муяссар шуда, ки робитаҳои байни Русия ва Тоҷикистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ ва иттиҳодии миёни ду кишвар бароранд. Муколамаи пурмазмуни сиёсӣ, ҳамкориҳои босамар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.
Роҳбари Русия ҳамчунин изҳори бовар кардааст, ки тавсеаи минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳо байни Русия ва Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони бо ҳам дӯсти ду кишвар буда, дар маҷрои таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ қарор дорад.