На бо сухан, балки дар амал: мушорикати муътамади Русия ва Тоҷикистон ба ривояти арқом

Обуна шудан
Тоҷикистону Русияро робитаҳои деринаи ҳамкории наздик ба ҳам мепайванданд ва инро омори умумӣ дар тамоми бахшҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ тасдиқ мекунад
Ин ду давлат маҳсулоте барои ҳамигар доранду онро барои ҳамдигар пешниҳод мекунанд ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тасдиқи ин гуфтаҳост.
Русия мавқеи шарики пешбари Тоҷикистонро тӯли солҳои охир устувор нигоҳ дошта, ҳиссаи он дар солҳои гуногун дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ аз 20 то 25 фоизро ташкил медиҳад.
Пахта ва меваю сабзавот маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон ба Русия боқӣ мондааст.
Дар соли 2021 гардиши мол миёни ин кишварҳо беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2020 44,66 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар мавриди дигар нақшаҳои муштарак Русия барномаи ғизои мактабӣ барои кӯдакони тоҷик то соли 2023, лоиҳаи барқарорсозии иҷтимоъ иқтисоди водии Фарғонаро дастгирӣ мекунад.
Ҳамчунин лоиҳаи рушди маҳорати касбии ҷавонон, таҷҳизи маҷмаи таълимии КҲФ оғоз гардид.
Русия як барномаи кумак ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилояти Хатлон, Рашт ва ҳамчунин тарҳи омӯзиши тарроҳону тавлидкунандагон барои рушди саноати нассоҷии Тоҷикистонро низ иҷроӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0