Раҳимзода: Кормандони милитсия дар одобу рафтор ва муоширату муомила бояд намуна бошанд

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як ҷаласаи фаврӣ ба кормандони милитсияи Душанбе гуфт, онҳо бояд бо донишу малакаи баланди касбӣ ва муоширату муомила фарқ кунанд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии ВКД-и Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар ахиран зимни машварати фаврӣ-хидматӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қайд намудааст, ки таъмини сулҳу субот, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хавфнок аз ҳар корманди мақомоти милитсия зиракиву ҳушёрии беш аз пеш талаб менамояд.
Вай афзуд, махсусан дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, ки маркази маъмурии Тоҷикистон аст, кормандони милитсия бояд бо донишу малакаи баланди касбӣ, одобу рафтор ва муоширату муомила намуна бошанд.
Дафтари матбуотии ВКД-и Тоҷикистон хабар дод, ки дар машварати фаврии мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода, роҳбарияти дастгоҳи марказии раёсат ва роҳбарони ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт иштирок намуданд.
Президент РТ Эмомали Рахмон и генерал Хамидзода Баротали Партов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Ҳамидзода ба ҷойи Назарзода: сардори нави Раёсати ВКД дар Душанбе кист?
Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар ҷараёни ҷаласа вазири корҳои дохилӣ вазъи содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан сар задани авбошӣ ва муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни ҷавонону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таваққуфи нодуруст дар қатори дуюму сеюми роҳ ва ба ин тартиб ба таври сунъӣ ба миён овардани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва дигар мушкилоти ҷойдоштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Рамазон Раҳимзода, дар ин ҷаласаи фаврӣ ба кормандони милитсияи шаҳри Душанбе барои сари вақт бартараф намудани мушкилот ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Лентаи хабарҳо
0