https://sputnik.tj/20220408/putin-maskav-zhirinovskiy-vido-1047480220.html
Путин дар Маскав бо Жириновский видоъ кард: видео
Путин дар Маскав бо Жириновский видоъ кард: видео
Sputnik Тоҷикистон
Маросими видоъ бо Жириновский дар Хонаи иттифоқҳо анҷом ёфт - Путин барвақт омад, то раҳпаймоиро халалдор накунад
2022-04-08T18:06+0500
2022-04-08T18:06+0500
2022-04-08T20:31+0500
видео
владимир путин
владимир жириновский
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047474098_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_808a2045b886355a1fba060d925cc7d4.jpg
Президенти Русия Владимир Путин бо раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский видоъ кард. Ба гуфтаи Дмитрий Песков, котиби матбуотии раҳбари Русия, Путин ба маросими видоъ хеле пешатар ҳозир шудааст, то ба маросими видоъ бо ширкати омма халал нарасонад.Раисҷумҳури Русия ба маросими видоъ бо як гулдастаи садбарги сурх омад.Сиёсатмадор, пешво ва суханвар: фаъолияти Жириновский дар тасовир"Гап дар он аст, ки Путин, воқеан, ин маросимро оғоз кард, ӯ аввалин шуда, дар он ширкат кард. Пас аз он одамони зиёде барои видоъ саф кашиданд. Ӯ барои халал нарасонидан ба одамоне, ки омаданӣ буданд, пештар ба он ҷо рафт”, - гуфт Песков. Жириновский рӯзи 6 апрел, пас аз бемории шадид ва тӯлонӣ дар синни 75-солагӣ даргузашт.Жириновский рӯзи 2 феврал бо нишонаҳои сироятшавӣ аз бемории коронавирус ба яке аз бемористонҳо шаҳри Маскав интиқол дода шуд. Тарҷумаи ҳоли Владимир Жириновский: раҳбари ҲЛДР чӣ гуна будПизишкон муайян намуданд, ки ҳудуди 50-75 дарсади шуши ин сиёсатмадор гирифтори беморӣ шудааст. Онҳо барои наҷоти ҳаёти роҳбари сиёсатмадор зиёд мубориза бурданд, вале талошҳояшон бенатиҷа анҷом ёфт.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047474098_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2b7067e9c3a51c2012e22cf9a6b95c2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин маскав жириновский видоъ видео
путин маскав жириновский видоъ видео
Путин дар Маскав бо Жириновский видоъ кард: видео
18:06 08.04.2022 (Навсозишуда: 20:31 08.04.2022) Маросими видоъ бо Жириновский дар Хонаи иттифоқҳо анҷом ёфт, раисҷумҳури Русия барвақт рафт, то раҳпаймоиро халалдор накунад
Президенти Русия Владимир Путин бо раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский видоъ кард.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, котиби матбуотии раҳбари Русия, Путин ба маросими видоъ хеле пешатар ҳозир шудааст, то ба маросими видоъ бо ширкати омма халал нарасонад.
Раисҷумҳури Русия ба маросими видоъ бо як гулдастаи садбарги сурх омад.
"Гап дар он аст, ки Путин, воқеан, ин маросимро оғоз кард, ӯ аввалин шуда, дар он ширкат кард. Пас аз он одамони зиёде барои видоъ саф кашиданд. Ӯ барои халал нарасонидан ба одамоне, ки омаданӣ буданд, пештар ба он ҷо рафт”, - гуфт Песков.
Жириновский рӯзи 6 апрел, пас аз бемории шадид ва тӯлонӣ дар синни 75-солагӣ даргузашт.
Жириновский рӯзи 2 феврал бо нишонаҳои сироятшавӣ аз бемории коронавирус ба яке аз бемористонҳо шаҳри Маскав интиқол дода шуд.
Пизишкон муайян намуданд, ки ҳудуди 50-75 дарсади шуши ин сиёсатмадор гирифтори беморӣ шудааст. Онҳо барои наҷоти ҳаёти роҳбари сиёсатмадор зиёд мубориза бурданд, вале талошҳояшон бенатиҷа анҷом ёфт.