https://sputnik.tj/20220408/kreml-muhlat-amaliyot-rusiya-ukraina-1047488763.html
Кремл замони анҷоми амалиёти вижаи Русия дар Украинаро гуфт
Кремл замони анҷоми амалиёти вижаи Русия дар Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Кремл маълумотро дар бораи корҳо дар умури низомӣ ва раванди музокирот ифшо кард ва ҳамчунин дар бораи замони анҷоми амалиёти вижаи Русия дар Украина сухан гуфт
2022-04-08T19:58+0500
2022-04-08T19:58+0500
2022-04-08T20:50+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047056920_0:0:3161:1779_1920x0_80_0_0_38a2f7be4032603ce8854c5b472ac910.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия гуфт, ҳадафҳои амалиёти махсуси низомии Русия дар Украина дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд. Дар посух ба суоле дар бораи амалиёти вижа вай тавзеҳ дод, ки дар мавзуи силоҳ ва музокирот кори ҷиддие идома дорад. Рӯзи ҳафтуми апрел низ Песков дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии бритониёии "Sky News" ӯ гуфт, Русия умедвор аст, ки амалиёти вижа дар Украинаро ба зудӣ, дар пайи расидан ба аҳдоф анҷом шавад."Мо дар бораи ояндаи қобили пешбинӣ сухан меронем... Амалиёти мазкур идома дорад, ҳадафҳо амалӣ мешаванд, ҳам дар хатти артиш дар самти пешбурди амалиёт ва ҳам аз ҷониби музокиракунандагоне, ки дар гуфтушунид ҳастанд, корҳои назаррас анҷом дода мешаванд", - гуфт Песков ба хабарнигорон.Қаблан вай таъкид карда буд, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина вобаста ба мавқеи Киев дар масоили калидии Маскав метавонад бо роҳи дипломатӣ хотима ёбад.Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд. Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд. Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20220408/lukashenko-muzokirot-ukraina-belarus-video-1047469093.html
https://sputnik.tj/20220407/narishkin-nato-ukraina-rusiya-afghoniston-1047439646.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047056920_285:0:3016:2048_1920x0_80_0_0_82d9091cb791ef10ab868ca2d8945c75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кремл амалиёт русия украина
кремл амалиёт русия украина
Кремл замони анҷоми амалиёти вижаи Русия дар Украинаро гуфт
19:58 08.04.2022 (Навсозишуда: 20:50 08.04.2022) Намояндаи Кремл маълумот дар бораи корҳо дар умури низомӣ, ҳамчунин раванди музокиротро расонаӣ кард ва дар бораи замони анҷоми амалиёти вижаи Русия дар Украина сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия гуфт, ҳадафҳои амалиёти махсуси низомии Русия дар Украина дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд.
Дар посух ба суоле дар бораи амалиёти вижа вай тавзеҳ дод, ки дар мавзуи силоҳ ва музокирот кори ҷиддие идома дорад.
Рӯзи ҳафтуми апрел низ Песков дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии бритониёии "Sky News" ӯ гуфт, Русия умедвор аст, ки амалиёти вижа дар Украинаро ба зудӣ, дар пайи расидан ба аҳдоф анҷом шавад.
"Мо дар бораи ояндаи қобили пешбинӣ сухан меронем... Амалиёти мазкур идома дорад, ҳадафҳо амалӣ мешаванд, ҳам дар хатти артиш дар самти пешбурди амалиёт ва ҳам аз ҷониби музокиракунандагоне, ки дар гуфтушунид ҳастанд, корҳои назаррас анҷом дода мешаванд", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Қаблан вай таъкид карда буд, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина вобаста ба мавқеи Киев дар масоили калидии Маскав метавонад бо роҳи дипломатӣ хотима ёбад.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зербиноҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.