То 35 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЦветение деревьев в Душанбе
Цветение деревьев в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Сокинон ва меҳмонони Тоҷикистонро ҳавои гарму бебориш интизор
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Ҳаво дар саросари Тоҷикистон камабру бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад.
Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносии кишвар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа сард, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд низ камабри бебориш аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзна 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Душанбе ҳам бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат шабона 13+15 дараҷа гарм, рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0