https://sputnik.tj/20220408/boloravi-besobiqa-rubl-dar-tojikiston-1047460263.html
Ҷаҳиши бесобиқаи рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?
Ҷаҳиши бесобиқаи рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Қурби пули русӣ давоми як шабонарӯз дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафтааст
2022-04-08T12:20+0500
2022-04-08T12:20+0500
2022-04-08T12:57+0500
қурби асъор
рубл
болоравӣ
евро
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031889697_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_4da0db072d2b5dc499f671647521396e.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 163,4 сомонӣ аст.Ин нишондиҳанда нисбат ба як рӯз қабл 13 сомонӣ (150,5) зиёд аст, ки аз ҷаҳиши якбораи ин асъор шаҳодат медиҳад.Бояд гуфт, пули русӣ давоми моҳи март мавқеи худро аз даст дода ва то 50 сомонӣ поён рафта буд. Вале бо оғози моҳи апрел ботадриҷ ба мавқеи пештараи худ бозгашт ва инак, ба таври бесобиқа боло рафт.Барои муқоиса: Уфти якбораи қурби доллар дар биржаи Маскав: аз 75 рубл поин рафтҚурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ боз коҳиш ёфтааст.Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.6438 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.6575 сомонӣ медоданд.Пули амрикоӣ бошад, бетағйир монда, ҳар як доллар 12.5000 сомонӣ арзиш дорад.Иқтисоддон нуқтаи бебозгашти долларро гуфтБонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031889697_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_acf48a022d6a3005c6596a637ff8829f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурби асъор, тоҷикистон, рубл, боло
қурби асъор, тоҷикистон, рубл, боло
Ҷаҳиши бесобиқаи рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?
12:20 08.04.2022 (Навсозишуда: 12:57 08.04.2022) Қурби пули русӣ давоми як шабонарӯз дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафт
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 163,4 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба як рӯз қабл 13 сомонӣ (150,5) зиёд аст, ки аз ҷаҳиши якбораи ин асъор шаҳодат медиҳад.
Бояд гуфт, пули русӣ давоми моҳи март мавқеи худро аз даст дода ва то 50 сомонӣ поён рафта буд. Вале бо оғози моҳи апрел ботадриҷ ба мавқеи пештараи худ бозгашт ва инак, ба таври бесобиқа боло рафт.
расо як сол пеш - 146 сомонӣ;
моҳи ноябри соли гузашта бо афзоиши ҳадди аксар - 161 сомонӣ.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ боз коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.6438 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.6575 сомонӣ медоданд.
Пули амрикоӣ бошад, бетағйир монда, ҳар як доллар 12.5000 сомонӣ арзиш дорад.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 12.4000 то 12.5000 сомонӣ;
1 евро аз 13.6438 то 13.8500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1634 то 0.1610 сомонӣ.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.