https://sputnik.tj/20220407/tojikon-shahrvandi-rusiya-rekord-1047423860.html
Тоҷикон дар гирифтани шаҳрвандии Русия рекорд гузоштанд
Тоҷикон дар гирифтани шаҳрвандии Русия рекорд гузоштанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба маълумоти Вазорати умури дохилаи Русия, гирифтани шаҳрвандии русия миёни муҳоҷирон дар соли 2021 назар ба соли қаблӣ 12 % афзудааст
2022-04-07T09:52+0500
2022-04-07T09:52+0500
2022-04-07T12:29+0500
дар русия
дар тоҷикистон
шаҳрвандӣ
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102944/99/1029449919_0:0:3005:1691_1920x0_80_0_0_5c8bc883566af5426f0d9e88bc63c4bb.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Шумораи хориҷиёне, ки дар соли 2021 шиносномаи русӣ гирифтаанд, дар тӯли беш аз 20 сол рекордӣ буд. Дар ин бора хабаргузории "Lenta.ru" бо истинод ба шабакаи "FinExpertiza" хабар медиҳад. Таҳлилгарон пас аз омӯзиши маълумоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ҳисоб кардаанд, аз 735,4 ҳазор нафаре, ки шиноснома гирифтаанд, беш аз нисфи ё 376 ҳазор нафарашон зодагони Украина, асосан аз ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск мебошанд. Дар навбати худ беш аз 103 ҳазор нафар аз Тоҷикистон тавонистаанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд, ки 14%-ро ташкил медиҳад. Муҳоҷирон аз Қазоқистон низ ҳиссаи бузургеро, ки тақрибан 7% ё 50 000 шиносномаи нави Русия доранд, ташкил медиҳанд. "FinExpertiza" нишон медиҳад, аксари онҳое, ки мақоми шаҳрвандӣ гирифтаанд, аз тариқи вилояти Ростов, Маскав ва вилояти Маскав, инчунин дар Санкт-Петербургу вилояти Ленинград ба ин мақом даст ёфтаанд.Қаблан сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова гуфта буд, ин идора афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, мушоҳида кардааст. Ба гуфтаи вай, "ҳамватанон, аз ҷумлаи шаҳрвандони Украина, Молдова ва Қазоқистон, ки дар қаламрави ин давлатҳо зиндагӣ мекунанд, асосан барои дарёфти шаҳрвандӣ ҳуҷҷат месупоранд".
https://sputnik.tj/20220405/putin-shahrvandi-sodda-1047385778.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102944/99/1029449919_276:0:3005:2047_1920x0_80_0_0_91dc2f2cd3a1c5b40748d2e11560df10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
русия тоҷикистон шаҳрвандӣ
русия тоҷикистон шаҳрвандӣ
Тоҷикон дар гирифтани шаҳрвандии Русия рекорд гузоштанд
09:52 07.04.2022 (Навсозишуда: 12:29 07.04.2022) Ба иттилои Вазорати умури дохилии Русия, гирифтани шаҳрвандии ин кишвар миёни муҳоҷирон дар соли 2021 назар ба соли қаблӣ 12% афзудааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Шумораи хориҷиёне, ки дар соли 2021 шиносномаи русӣ гирифтаанд, дар тӯли беш аз 20 сол рекордӣ буд. Дар ин бора хабаргузории "Lenta.ru" бо истинод ба шабакаи "FinExpertiza" хабар медиҳад.
Таҳлилгарон пас аз омӯзиши маълумоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ҳисоб кардаанд, аз 735,4 ҳазор нафаре, ки шиноснома гирифтаанд, беш аз нисфи ё 376 ҳазор нафарашон зодагони Украина, асосан аз ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск мебошанд.
Дар навбати худ беш аз 103 ҳазор нафар аз Тоҷикистон тавонистаанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд, ки 14%-ро ташкил медиҳад. Муҳоҷирон аз Қазоқистон низ ҳиссаи бузургеро, ки тақрибан 7% ё 50 000 шиносномаи нави Русия доранд, ташкил медиҳанд.
"FinExpertiza" нишон медиҳад, аксари онҳое, ки мақоми шаҳрвандӣ гирифтаанд, аз тариқи вилояти Ростов, Маскав ва вилояти Маскав, инчунин дар Санкт-Петербургу вилояти Ленинград ба ин мақом даст ёфтаанд.
Қаблан сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова гуфта буд, ин идора афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки хоҳиши гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, мушоҳида кардааст.
Ба гуфтаи вай, "ҳамватанон, аз ҷумлаи шаҳрвандони Украина, Молдова ва Қазоқистон, ки дар қаламрави ин давлатҳо зиндагӣ мекунанд, асосан барои дарёфти шаҳрвандӣ ҳуҷҷат месупоранд".