Рубл гарону евро арзон шуд: эълони қурби асъор дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Қурби пули русӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон 1,5 сомонӣ боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 150,5 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба як рӯз қабл 1,5 сомонӣ (149) зиёд аст.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ боз коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.6575 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.7063 сомонӣ медоданд.
Пули амрикоӣ бошад, бетағйир монда, ҳар як доллар 12.5000 сомонӣ арзиш дорад.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Иқтисоддон нуқтаи бебозгашти долларро гуфт
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 142 сомонӣ ва зимни фурӯш 152 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 150 ва зимни фурӯш 150,5 сомонӣ аст.
Доллар дар сиёҳчола: оё юан метавонад асъори аслии ҷаҳонӣ шавад?
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 145 ва 151 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 140 сомонӣ мехараду ба ивази 152 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0