https://sputnik.tj/20220407/qazoqiston-marzho-zamini-boz-1047429748.html
Қазоқистон марзҳои заминияшро ба рӯйи ҳамсояҳояш боз мекунад
Қазоқистон марзҳои заминияшро ба рӯйи ҳамсояҳояш боз мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон дар робита ба беҳбудии вазъи эпидемиологӣ марзҳояшро пурра боз мекунад
2022-04-07T12:50+0500
2022-04-07T12:50+0500
2022-04-07T13:53+0500
қазоқистон
марз
боз шуд
маҳдудият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/36/1030893644_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_4d989b7ca43ca640239ba91667f050b3.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Аз 11 апрел маҳдудиятҳои убури сарҳади давлатии Қазоқистон барои хориҷиён дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Федератсияи Русия, Узбекистон ва Қирғизистон аз миён бардошта мешаванд. Илова бар ин тамоми маҳдудиятҳо барои убури марзи Қазоқистон тавассути ҳавопаймо барҳам мехӯранд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати ин кишварДар ин бора зимни баргузории ҷаласаи Комиссияи байниидоравии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар ин кишвар иттилоъ додаанд.Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, барои хориҷиёне, ки қасди вуруд ба ин кишварро доранд, доштани шаҳодатнома бо натиҷаи санҷиши манфии COVID-19 ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дарёфти пурраи ваксинаи зидди коронавирус ҳатмист.Муовини нахуствазири ин кишвар Ёралӣ Туғжанов дар суханронии худ таъкид кард, ки масъалаи кушодани сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимии шахсии Тоқаев қарор дорад. Маврид ба зикр аст, ки Русия низ аз 30 март маҳдудиятҳои убури марзҳои заминияш ба Қазоқистонро бекор кард.Ӯзбекистон низ марзҳои заминияшро бо ҳамсоягонаш, аз ҷумла Тоҷикистон боз намуд.Интизор меравад, ки дар пайи бардоштани ин маҳдудиятҳо сафар аз Тоҷикистон ба Русия имконпазир гардад.
https://sputnik.tj/20220326/khatsayr-oromiem-muhojiron-marz-rusiya-1047087985.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103089/36/1030893644_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_eea6467fc6a712d2c7d2efd0a1492951.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон марз ҳамсояҳо боз
қазоқистон марз ҳамсояҳо боз
Қазоқистон марзҳои заминияшро ба рӯйи ҳамсояҳояш боз мекунад
12:50 07.04.2022 (Навсозишуда: 13:53 07.04.2022) Қазоқистон бо таваҷҷуҳ ба беҳбуди вазъи эпидемиологӣ дар ин кишвар марзҳояш бо ҳамсояҳоро пурра боз мекунад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Аз 11 апрел маҳдудиятҳои убури сарҳади давлатии Қазоқистон барои хориҷиён дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Федератсияи Русия, Узбекистон ва Қирғизистон аз миён бардошта мешаванд.
Илова бар ин тамоми маҳдудиятҳо барои убури марзи Қазоқистон тавассути ҳавопаймо барҳам мехӯранд, хабар медиҳад
дафтари матбуотии ҳукумати ин кишвар
Дар ин бора зимни баргузории ҷаласаи Комиссияи байниидоравии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар ин кишвар иттилоъ додаанд.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, барои хориҷиёне, ки қасди вуруд ба ин кишварро доранд, доштани шаҳодатнома бо натиҷаи санҷиши манфии COVID-19 ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дарёфти пурраи ваксинаи зидди коронавирус ҳатмист.
Муовини нахуствазири ин кишвар Ёралӣ Туғжанов дар суханронии худ таъкид кард, ки масъалаи кушодани сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимии шахсии Тоқаев қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия низ аз 30 март маҳдудиятҳои убури марзҳои заминияш ба Қазоқистонро бекор кард.
Ӯзбекистон низ марзҳои заминияшро бо ҳамсоягонаш, аз ҷумла Тоҷикистон боз намуд.
Интизор меравад, ки дар пайи бардоштани ин маҳдудиятҳо сафар аз Тоҷикистон ба Русия имконпазир гардад.