https://sputnik.tj/20220407/nigaroni-saidzoda-omuzgoron-rohbariyat-1047434062.html
Нигаронии Саидзода аз дастгирӣ нашудани омӯзгорон аз сӯйи роҳбарият дар навоҳӣ
Нигаронии Саидзода аз дастгирӣ нашудани омӯзгорон аз сӯйи роҳбарият дар навоҳӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазири маорифро ширкати нокифояи толибилмон дар олимпиадаҳои фаннӣ ниграон кардааст
2022-04-07T14:40+0500
2022-04-07T14:40+0500
2022-04-07T20:17+0500
вазорати маорифу илми тоҷикистон
маориф
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046088351_0:172:400:397_1920x0_80_0_0_a38758486049d4e3cf58a04b0e9e2739.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо кори мактаби президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён ошно шуда, аз фаъолияти раҳбарияти ин муассиса изҳори норозигӣ кард.Саидзода дар ин сафар бо вазъи таълиму тарбия, таъминот бо маводи хониш, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва таъминоти кадрӣ дар мактаби президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён ошно шудааст.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати маориф, дар ҷараёни боздид вазир ҳамчунин аз рафти тадрис, шароити таҳсил, таъмини ғизо, вазъи беҳдошти ошхонаи мактабӣ, хобгоҳ ва таъминоти кадрӣ бохабар шудааст.Дар баробари ин Саидзода ба ҳайати омӯзгорони мактаби мазкур вохӯрда, онҳоро ба хештандорӣ, кӯшишу ҷадал дар роҳи омода намудани шогирдони босаводи сатҳи байналмилалӣ дастур додааст.Супориши Саидзода барои вазифадиҳӣ ба унвондорон ва тағйири шакли имтиҳонсупорӣҲамчунин масоили ба роҳ мондани таълим ба забонҳои русӣ ва англисӣ, ширкат дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, ҷалби омӯзгорони варзида ба мактаби президентӣ низ аз мавзуъҳои матраҳшуда будаанд.Манбаъ афзуда, ки ба роҳбарияти муассиса дар самти беҳтар намудани шароити таҳсил, таъмин бо китобҳои дарсиву бадеӣ, фароҳам овардани шароити хуб дар хобгоҳ ва ошхона, ҳавасмандгардонии омӯзгорону шогирдони варзида дастурҳои мушаххас додааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046088351_0:165:326:410_1920x0_80_0_0_430b35ecbfbf364b607152274527bf51.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазири маориф, кори мактаби президентӣ, кушониён
вазири маориф, кори мактаби президентӣ, кушониён
Нигаронии Саидзода аз дастгирӣ нашудани омӯзгорон аз сӯйи роҳбарият дар навоҳӣ
14:40 07.04.2022 (Навсозишуда: 20:17 07.04.2022) Вазири маорифро ҳамчунин ширкати нокифояи толибилмон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо кори мактаби президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён ошно шуда, аз фаъолияти раҳбарияти ин муассиса изҳори норозигӣ кард.
Саидзода дар ин сафар бо вазъи таълиму тарбия, таъминот бо маводи хониш, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва таъминоти кадрӣ дар мактаби президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён ошно шудааст.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати маориф, дар ҷараёни боздид вазир ҳамчунин аз рафти тадрис, шароити таҳсил, таъмини ғизо, вазъи беҳдошти ошхонаи мактабӣ, хобгоҳ ва таъминоти кадрӣ бохабар шудааст.
Ӯ ҳамчунин аз ҳолати омодасозии шогирдон ва иштироки нокифояи онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастгирии омӯзгорон аз сӯйи роҳбарият изҳори нигаронӣ кард.
Дар баробари ин Саидзода ба ҳайати омӯзгорони мактаби мазкур вохӯрда, онҳоро ба хештандорӣ, кӯшишу ҷадал дар роҳи омода намудани шогирдони босаводи сатҳи байналмилалӣ дастур додааст.
Ҳамчунин масоили ба роҳ мондани таълим ба забонҳои русӣ ва англисӣ, ширкат дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, ҷалби омӯзгорони варзида ба мактаби президентӣ низ аз мавзуъҳои матраҳшуда будаанд.
Манбаъ афзуда, ки ба роҳбарияти муассиса дар самти беҳтар намудани шароити таҳсил, таъмин бо китобҳои дарсиву бадеӣ, фароҳам овардани шароити хуб дар хобгоҳ ва ошхона, ҳавасмандгардонии омӯзгорону шогирдони варзида дастурҳои мушаххас додааст.