https://sputnik.tj/20220407/janjol-harf-zabon-tojik-posukh-deputat-1047450023.html
Ҷанҷол барои як ҳарф: "ъ" дар забони тоҷикӣ чӣ мешавад - посухи депутат
Ҷанҷол барои як ҳарф: "ъ" дар забони тоҷикӣ чӣ мешавад - посухи депутат
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ овоза дар бораи гӯё хориҷ шудани ҳарфи "ъ" аз алифбои тоҷикиро фаъолона баррасӣ мекунанд
2022-04-07T20:15+0500
2022-04-07T20:15+0500
2022-04-07T21:03+0500
дар тоҷикистон
забон
саидҷаъфар исмонов
кумитаи забон ва истилоҳот
баҳс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039049494_0:299:3073:2027_1920x0_80_0_0_8679b79d93cd5d5ffa5de697d96bb81e.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Боз дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон мавзӯи қоидаҳои имло доғ шуд. Корбарони фаъолон пас аз нашри бархе гузоришҳо дар бораи “пешниҳоди ҳазфи “ъ” аз имлои забони тоҷикӣ” “исён” бардоштанд, ки бо бардоштани ин ҳарф имло ба ҳадди ифрот хоҳад расид. Онҳо аз намояндагони парлумон талаб карданд, ки қазияро шарҳ диҳанд. Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои посух ба вакилони порлумон, ки бевосита дар тарҳҳои қонуни марбут ба меъёрҳои забон ширкат доранд, муроҷиат кунад.Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон шарҳ дод, ки аслан ин баҳс аз куҷо сард зад. Вай инчунин тавзеҳ дод, ки ҳама овозаҳо асоси воқеӣ надоранд ва ягон ниҳоди расмӣ ба масъалаи аз забон "бардоштани" ҳарфи "ъ" пешниҳод накардааст.Вакил афзуд, ингуна баҳсҳо ҳангоми соатҳои парлумонӣ зиёд мешаванд, ки аслан аз пешниҳодҳои ин ё он қиҳшри ҷомеа сарчашма мегиранд: пешниҳодҳо бошанд метавонанд бомантиқ ё подарҳаво бошанд. Ба гуфтаи Усмонзода, дар рафти машварати Маҷлиси намояндагон “дар ҳақиқат раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад дошт, аммо мавзуи суҳбати ӯ тамоман дигар буд”. “Вақте ӯ сӯҳбат мекард, яке аз ҷонишинҳо мисол овард, ки мо пешниҳодҳое низ дар мавриди бардоштани ҳарфи “ъ” аз имлои забони тоҷикӣ дорем, аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки “ҳарфҳое, ки форсӣ нестанду арабианд, бардошта шаванд”, - меафзояд вай. Аммо қонуне ворид нашудааст, ки тибқи он расман пешниҳод шуда бошад, ки ҳарфи “ъ” аз имло ҳазф гардад. Усмонҳода таъкид кард, ки ҳамагуна пешниҳоде, ки ба қайд гирифта мешавад, ҳатман баррасӣ мешавад ва хулосаи зерсохторҳои дигар ва мутахассиони соҳа ба назар гирифта мешавад. Ёдрас мешавем, чанде пеш Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷаласаи машваратияш қоидаҳои имлоро ба баҳс кашид. Дар он раиси Кумитаи забон ва ислоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода баромад карда, дар бораи сабти 50 пешниҳоду дархостҳои шаҳрвандону мутахассисон, аз ҷумла пешниҳодҳо дар бораи бар гардонидани ҳарфҳои русии “ц”, “щ”, “ь” ва “ы” аз аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ, номи ҳарфи “Ъ” ва мавқеи он дар калимасозиву навиштор гуфта шуданд.
https://sputnik.tj/20220214/tojiki-rutbaho-nizomi-dar-tojikiston-1045820042.html
https://sputnik.tj/20220214/mahall-mavze-jughrofi-nom-nomuvofiq-1045827147.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039049494_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_20fd4838b3f8cecd679f962d23f74d9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷанҷол ҳарф забон тоҷикӣ
Ҷанҷол барои як ҳарф: "ъ" дар забони тоҷикӣ чӣ мешавад - посухи депутат
20:15 07.04.2022 (Навсозишуда: 21:03 07.04.2022) Эксклюзив
Сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ овоза дар бораи гӯё хориҷ шудани ҳарфи "ъ" аз алифбои тоҷикиро фаъолона баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Боз дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон мавзӯи қоидаҳои имло доғ шуд. Корбарони фаъолон пас аз нашри бархе гузоришҳо дар бораи “пешниҳоди ҳазфи “ъ” аз имлои забони тоҷикӣ” “исён” бардоштанд, ки бо бардоштани ин ҳарф имло ба ҳадди ифрот хоҳад расид.
Онҳо аз намояндагони парлумон талаб карданд, ки қазияро шарҳ диҳанд.
Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои посух ба вакилони порлумон, ки бевосита дар тарҳҳои қонуни марбут ба меъёрҳои забон ширкат доранд, муроҷиат кунад.
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон шарҳ дод, ки аслан ин баҳс аз куҷо сард зад.
Вай инчунин тавзеҳ дод, ки ҳама овозаҳо асоси воқеӣ надоранд ва ягон ниҳоди расмӣ ба масъалаи аз забон "бардоштани" ҳарфи "ъ" пешниҳод накардааст.
”Ягон сохтори ҳукумат чунин тарҳи тағйироти имлоро ба мо пешниҳод накардааст”, - таъкид намуд ӯ.
Вакил афзуд, ингуна баҳсҳо ҳангоми соатҳои парлумонӣ зиёд мешаванд, ки аслан аз пешниҳодҳои ин ё он қиҳшри ҷомеа сарчашма мегиранд: пешниҳодҳо бошанд метавонанд бомантиқ ё подарҳаво бошанд.
Ба гуфтаи Усмонзода, дар рафти машварати Маҷлиси намояндагон “дар ҳақиқат раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад дошт, аммо мавзуи суҳбати ӯ тамоман дигар буд”.
“Вақте ӯ сӯҳбат мекард, яке аз ҷонишинҳо мисол овард, ки мо пешниҳодҳое низ дар мавриди бардоштани ҳарфи “ъ” аз имлои забони тоҷикӣ дорем, аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки “ҳарфҳое, ки форсӣ нестанду арабианд, бардошта шаванд”, - меафзояд вай.
Аммо қонуне ворид нашудааст, ки тибқи он расман пешниҳод шуда бошад, ки ҳарфи “ъ” аз имло ҳазф гардад.
Усмонҳода таъкид кард, ки ҳамагуна пешниҳоде, ки ба қайд гирифта мешавад, ҳатман баррасӣ мешавад ва хулосаи зерсохторҳои дигар ва мутахассиони соҳа ба назар гирифта мешавад.
”Бигзор мардум фаҳманд, ки дар мавриди ин ҳарф ҳатто пешниҳод ҳам набуд, танҳо баҳси холии иштирокдорони соати пардлумонӣ буд, ки то дараҷае аз пешниҳодҳои подарҳаво изҳори нигаронӣ карданд”, - меафзояд вай.
Ёдрас мешавем, чанде пеш Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷаласаи машваратияш қоидаҳои имлоро ба баҳс кашид.
Дар он раиси Кумитаи забон ва ислоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода баромад карда, дар бораи сабти 50 пешниҳоду дархостҳои шаҳрвандону мутахассисон, аз ҷумла пешниҳодҳо дар бораи бар гардонидани ҳарфҳои русии “ц”, “щ”, “ь” ва “ы” аз аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ, номи ҳарфи “Ъ” ва мавқеи он дар калимасозиву навиштор гуфта шуданд.