Фарҳангиёни тоҷик дар Туркия ҳунарнамоӣ мекунанд

© Sputnik / Огнев Даниил Сцена из спектакля «Тартюф» (реж. Б. Миралибеков) Государственного таджикского русского драматического театра имени Вл. Маяковского. Фестиваль русских театров в Москве
Сцена из спектакля «Тартюф» (реж. Б. Миралибеков) Государственного таджикского русского драматического театра имени Вл. Маяковского. Фестиваль русских театров в Москве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2022
Обуна шудан
Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар Ҷашвнораи "Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу" ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҳунармандони Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” ба шаҳри Истамбули Туркия сафар карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳадаф аз сафари ҳунармандони тоҷик, барои ширкат дар Ҷашвораи “Рӯзҳои Театри Ҷуҷеноғлу” мебошад.
Театр дар ин ҷашвнора бо намоиши "Бунбаст" баромад мекунад.
Ин намоишнома аз рӯи асари драманависи турк Гунҷер Ҷуҷеноғлу омода шуда, онро Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Қурбони Собир таҳия кардааст.
Манбаъ афзуда, ки сафари ҳунарии театр, аз 7 то 10 апрели соли равон идома меёбад.
Театр имени А. Лахути. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Театри тоҷик - меҳмони вижаи чиҳилумин Ҷашнвораи байналмилалии театрии “Фаҷр” дар Эрон
Ёдрас мешавем, ки пештар ду гурӯҳе аз театрҳои давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе ва Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа дар 40-умин Ҷашнвораи байналмилалии театри “Фаҷр” ширкат карданд.
Ҳунармандони тоҷик дар ин ҷашнвора намоишҳои “Фирдавсӣ” ва “Лаъли Бадахшон”-ро иҷро карданд.
Намоиши “Фирдавсӣ” бо коргардонии Султон Усмонов, бар асоси достони “Шоҳнома” ва румони “Фирдавсӣ”, асари нависандаи машҳури фақиди тоҷик Сотим Улуғзода таҳия шуда, дар соли 2019 барандаи шоҳҷоизаи Ҷашнвораи театрҳои ҳирфаии Тоҷикистон шуда буд.
Намоиши "Лаъли Бадахшон" ба мавзуи ахлоқ ва маънавият ихтисос ёфтааст ва дар Ҷашнвораи “Парасту 2021” муваффақ ба дарёфти мақоми севум шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0