https://sputnik.tj/20220406/tirparoni-uzbekistonu-qirghiziston-marg-1047392503.html
Тирпаронӣ дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон ду кушта бар ҷой гузошт
Тирпаронӣ дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон ду кушта бар ҷой гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Қочоқбарон аз Қирғизистон талош кардаанд, як бор ба маблағи 20 ҳазор долларро ба қаламрави кишвари ҳамсоя интиқол диҳанд. Солдатхо хангоми задухурд бо вайронкорон аз ярок истифода бурданд
2022-04-06T11:50+0500
2022-04-06T11:50+0500
2022-04-06T14:14+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ӯзбекистон
қирғизистон
марз
даргирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101330/06/1013300668_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_a2d0ba39b99b0db46c2f505217141be4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Марзбонони ӯзбек қочоқчиён аз Қирғизистонро ба ҳалокат расонданд. Ҳодиса дар деҳаи Дейреси ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолобод рух додааст. Шаҳрвандони Қирғизистон талош кардаанд, ки ба таври ғайриқонунӣ бори беш аз 20-ҳазордоллариро ба кишвари ҳамсоя интиқол диҳанд. Хизматчиёни ҳарбӣ қонуншиканонро 500 метр дуртар аз хатти сарҳади давлатӣ, дар қаламрави Ӯзбекистон пайдо кардаанд. Шаҳрвандон амри онҳоро дар ҷиҳати қатъи идомаи ҳаракат нодида гирифта, ҳангоми боздошт задухӯрд кардаанд, хабар медиҳад "Podrobno.uz" бо истинод ба хадамоти марзбонии Қирғизистон. Манбаъ қайд карда, ки бақияи ҷинояткорон тавонистаанд фирор карда, дар қаламрави Қирғизистон паноҳ баранд. Баъдтар маълум шуд, ки шаҳрвандони кушташуда зодаи Ӯзбекистон буда, соли 2012 шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд. Дар баробари ин онҳо шиносномаи кишвари зодгоҳашонро низ доштанд. Қоидаҳои нави вуруд ба Қирғизистон барои шаҳрвандони хориҷӣ расмӣ шудМанбаъ афзуда, ки як рӯз пеш намояндагони хадамоти марзбонии ҳар ду кишвар барои омӯзиши вазъи он ба маҳалли ҳодиса рафтаанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки тафтиш анҷом диҳанд.Қобили зикр аст, убури ғайриқонунӣ аз марзи Ӯзбекистону Қирғизистон бори аввал нест, мунҷар ба истифодаи силоҳ мегардад. Ҳамин тариқ моҳи ноябри соли 2021 сарҳадбонон ба хотири ҷилавгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии чорвои хурд ба қаламрави Ӯзбекистон ба ҳаво тир холӣ карда буданд.
ӯзбекистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101330/06/1013300668_71:0:980:682_1920x0_80_0_0_ceb6d3fb1181468a354dea934cdb9dbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргирии мусаллаҳона, марз, ӯзбекистон, қирғизистон
даргирии мусаллаҳона, марз, ӯзбекистон, қирғизистон
Тирпаронӣ дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон ду кушта бар ҷой гузошт
11:50 06.04.2022 (Навсозишуда: 14:14 06.04.2022) Қочоқбарон аз Қирғизистон талош кардаанд, ба маблағи 20 ҳазор доллар ба қаламрави кишвари ҳамсоя бор интиқол диҳанд. Марзбонон ҳангоми задухӯрд бо қочоқбарон аз силоҳ истифода кардаанд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Марзбонони ӯзбек қочоқчиён аз Қирғизистонро ба ҳалокат расонданд. Ҳодиса дар деҳаи Дейреси ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолобод рух додааст.
Шаҳрвандони Қирғизистон талош кардаанд, ки ба таври ғайриқонунӣ бори беш аз 20-ҳазордоллариро ба кишвари ҳамсоя интиқол диҳанд.
Хизматчиёни ҳарбӣ қонуншиканонро 500 метр дуртар аз хатти сарҳади давлатӣ, дар қаламрави Ӯзбекистон пайдо кардаанд.
Шаҳрвандон амри онҳоро дар ҷиҳати қатъи идомаи ҳаракат нодида гирифта, ҳангоми боздошт задухӯрд кардаанд, хабар медиҳад "Podrobno.uz" бо истинод ба хадамоти марзбонии Қирғизистон.
"Марзбонони Ӯзбекистон барои наҷоти ҳаёт ва саломатии худ аз силоҳ истифода кардаанд, ки дар натиҷа ду шаҳрванд захм бардоштаанд", - гуфтанд дар хадамоти марзбонӣ.
Манбаъ қайд карда, ки бақияи ҷинояткорон тавонистаанд фирор карда, дар қаламрави Қирғизистон паноҳ баранд.
Баъдтар маълум шуд, ки шаҳрвандони кушташуда зодаи Ӯзбекистон буда, соли 2012 шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд.
Дар баробари ин онҳо шиносномаи кишвари зодгоҳашонро низ доштанд.
Манбаъ афзуда, ки як рӯз пеш намояндагони хадамоти марзбонии ҳар ду кишвар барои омӯзиши вазъи он ба маҳалли ҳодиса рафтаанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки тафтиш анҷом диҳанд.
Қобили зикр аст, убури ғайриқонунӣ аз марзи Ӯзбекистону Қирғизистон бори аввал нест, мунҷар ба истифодаи силоҳ мегардад. Ҳамин тариқ моҳи ноябри соли 2021 сарҳадбонон ба хотири ҷилавгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии чорвои хурд ба қаламрави Ӯзбекистон ба ҳаво тир холӣ карда буданд.