https://sputnik.tj/20220406/taloshi-bonkhoi-tojikiston-daryofti-sharikon-bonufuz-avrupo-1047393873.html
Талоши бонкҳои Тоҷикистон барои дарёфти шарикони бонуфуз дар Аврупо
Талоши бонкҳои Тоҷикистон барои дарёфти шарикони бонуфуз дар Аврупо
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти раҳбарии ду бонк ва як ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон бо мақомоти ширкатҳои бонуфузе мисли “Airbus Operations GmbH” дар Олмон дидор кардаанд
2022-04-06T13:20+0500
2022-04-06T13:20+0500
2022-04-06T13:20+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
равобит
олмон
"сомон эйр"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102950/43/1029504300_0:90:2480:1485_1920x0_80_0_0_9d785d11d02141c058fc9bbc984772e0.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки як ҳайати бахши иқтисоди Тоҷикистон иборат аз роҳбарияти “Ориёнбонк”, “Тавҳидбонк” ва Ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр” бо мақсади рушду таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратияшон бо ширкатҳои бонуфузи аврупоӣ ба Олмон сафар кардааст.Тибқи иттилои манбаъ, ин сафар бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Олмон роҳандозӣ шудааст.Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ бо мудири кулли ширкати пешрафтаи "Airbus Operations GmbH" Гуннар Грос имкони рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ баррасӣ шудааст.“Дар баробари огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти гуногунҷанбаи “Airbus Operations GmbH” ҳайати тоҷикистонӣ ҳамчунин бо раванди корҳои истеҳсолии ҳавопаймоҳои тамғаҳои мухталифи мусофиркаши оилаи “Аэробус” шиносоӣ пайдо намуд”, - хабар додааст ВУХ Тоҷикистон.Инчунин дар дидори дигар бо роҳбарияти ширкати “Euler Hermes”, аз ҷумла сардори Раёсати суғуртакунӣ ва идораи хавфҳо Ян-Филипп Апкин ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл Бертҳолд Ройтер вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда табодули назар сурат гирифт.Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2021 ҳиссаи Олмон дар гардиши моли хориҷии Тоҷикистон 1,7%-ро ташкил дод. Ҳаҷми умумии муомилоти мол байни Тоҷикистону Олмон дар соли гузашта ҳудуди 108 млн. доллар будааст, ки 17,5% зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст. Ҳудуди 99,7%-и муомилоти молии дуҷониба ба содироти молу маҳсулоти Олмон ба Тоҷикистон рост меояд.
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102950/43/1029504300_0:0:1980:1485_1920x0_80_0_0_a72273ee4111e7a2694117f4404234a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, олмон, равобит, ҳамкорӣ, ориёнбон, тавҳидбон, сомон эйр
тоҷикистон, олмон, равобит, ҳамкорӣ, ориёнбон, тавҳидбон, сомон эйр
Талоши бонкҳои Тоҷикистон барои дарёфти шарикони бонуфуз дар Аврупо
Мақомоти раҳбарии ду бонк ва як ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон бо мақомоти ширкатҳои бонуфузе мисли “Airbus Operations GmbH” дар Олмон дидор кардаанд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки як ҳайати бахши иқтисоди Тоҷикистон иборат аз роҳбарияти “Ориёнбонк”, “Тавҳидбонк” ва Ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр” бо мақсади рушду таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратияшон бо ширкатҳои бонуфузи аврупоӣ ба Олмон сафар кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин сафар бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Олмон роҳандозӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ бо мудири кулли ширкати пешрафтаи "Airbus Operations GmbH" Гуннар Грос имкони рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ баррасӣ шудааст.
“Дар баробари огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти гуногунҷанбаи “Airbus Operations GmbH” ҳайати тоҷикистонӣ ҳамчунин бо раванди корҳои истеҳсолии ҳавопаймоҳои тамғаҳои мухталифи мусофиркаши оилаи “Аэробус” шиносоӣ пайдо намуд”, - хабар додааст ВУХ Тоҷикистон.
Инчунин дар дидори дигар бо роҳбарияти ширкати “Euler Hermes”, аз ҷумла сардори Раёсати суғуртакунӣ ва идораи хавфҳо Ян-Филипп Апкин ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл Бертҳолд Ройтер вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда табодули назар сурат гирифт.
Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2021 ҳиссаи Олмон дар гардиши моли хориҷии Тоҷикистон 1,7%-ро ташкил дод. Ҳаҷми умумии муомилоти мол байни Тоҷикистону Олмон дар соли гузашта ҳудуди 108 млн. доллар будааст, ки 17,5% зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст. Ҳудуди 99,7%-и муомилоти молии дуҷониба ба содироти молу маҳсулоти Олмон ба Тоҷикистон рост меояд.