“Бачаҳо сипос барои ҳимоятон!” – сипосгузории мардуми Херсон аз сарбозони рус – видео

Обуна шудан
Дар маркази шаҳри Херсон мардуми зиёде ҷамъ омада буданд
Сокинон ба ҷойҳои тақсимоти кумакҳои бушардӯстонаи Русия меоянд. Ин бор ба ин шаҳр беш аз 10 тонна кумаки башардӯстона бурда шуд.
Низомиёни рус ба сокинони Херсон ғайр аз ярма, қанд, рӯғани офтобпараст ва консерва, ба сокинон курпаю болишт, маводи кимиёии рӯзгор, ба бачаҳои мактабхон дафтар ва китобу қалам медиҳанд.
Дар ин видео дида мешавад, ки сокинон аз сарбозони Русия барои тақсими кӯмакҳои башардӯстона изҳори миннатдорӣ менамоянд.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои безараргардонӣ ва нозизудоии Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Тавре Вазорати дифоъ изҳор дошт, қувваҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.
То 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳилаи якумро иҷро карданд - иқтидори ҷангии Украинаро хеле заиф гардониданд. Ҳадафи асосӣ дар Департаменти низомии Русия озодкунии Донбасс номида мешуд.
Лентаи хабарҳо
0