Сафири тозатаъйини Қазоқистон ба муовини Муҳриддин эътимоднома супурд

© Хадамоти матбуоти Вазорати умури хориҷаи ТоҷикистонВалихан Туреханов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон
Валихан Туреханов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2022
Обуна шудан
Сафири қаблии ин кишвар дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев буд, ки бо фармони Тоқаев моҳи марти соли равон курсияшро холӣ кард
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Душанбе сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистонро пазируфтанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафири нави Қазоқистон Валихон Тӯрахоновро муовини вазири умури хориҷии кишвар Содиқ Имомӣ қабул кардааст.
Манбаъ меафзояд, вохӯрии Имомӣ бо ҷаноби сафир рӯзи шашуми апрел дар бинои ВУХ сурат гирифт, ки дар ҷараёни он сафири тозатаъйин ба муовини Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаашро супорид.
Гуфта мешавад, пас аз супоридани эътимоднома ҷонибҳо мулоқот намуданд.
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Мулоқоти хайрбодӣ ва сипоси Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири Қазоқистон
Дар рафти мулоқот масъалаҳое чун ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва омодагӣ ба чорабиниҳои дерпешистода ба муносибати ҷашни 30-юмин солагрди муносибатҳои дипломатии ин ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки дипломати тоҷик ба Тӯрахонов дар рушди минбаъдаи муносибатҳои шарокати стратегии Тоҷикистону Қазоқистон муваффақият орзу намуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон бо фармони кишвардори Қазоқистон Аскар Тоҷибоев аз мақоми сафирии ин кишвар дар Тоҷикистон барканор шуд.
Лентаи хабарҳо
0