https://sputnik.tj/20220406/rusiya-parvoz-kishvar-jahon-az-sar-1047401187.html
Русия аз 9 апрел парвозҳо бо беш аз 50 кишвари ҷаҳонро аз сар мегирад
Русия аз 9 апрел парвозҳо бо беш аз 50 кишвари ҷаҳонро аз сар мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Русия тавзеҳ дод, ки сухан дар бораи лағви маҳдудиятҳое меравад, ки қаблан ба далели вазъи коронавирус ҷорӣ шуда буданд
2022-04-06T16:40+0500
2022-04-06T16:40+0500
2022-04-06T18:31+0500
дар русия
нақлиёт
парвоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101552/97/1015529755_18:0:3659:2048_1920x0_80_0_0_024137a81811730659ff88babab19ce7.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Аз 9 апрели соли равон равобити ҳавоии Русия бо беш аз 50 кишвари дӯст аз сар гирифта мешавад. Дар ин бора сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин хабар дод.Ба иттилои РИА "Новости", Русия маҳдудиятҳоро барои мубориза бо COVID, ки дар робита ба парвозҳои мунтазам ва чартерӣ татбиқ мешуд, лағв мекунад. "Пеш аз ҳама дар бораи ҳуҷҷате, ки ҳоло ба имзо расид, чанд сухан мегӯям, ки соҳаи ҳавопаймоӣ ва албатта, шаҳрвандони мо интизори он буданд. Аз 9 апрел мо маҳдудияти парвозҳои мунтазам ва чартерӣ байни Русия ва дигар кишварҳоро, ки барои мубориза бо коронавирус татбиқ шуда буданд, лағв мекунем", - гуфт Мишустин дар мулоқот бо фраксияи "Русияи воҳид". Сарвари ҳукумат қайд кард, ки сатҳи беморӣ дар ҳоли коҳиш аст ва ин маънои онро дорад, вақти он расидааст, ки парвозҳо ширкатҳои ҳавопаймоии Русия бештар карда шаванд.Зимнан Ситоди фаврии мубориза алайҳи паҳншавии коронавирус низ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки маҳдудияти парвозҳо бо 52 кишвар комилан бардошта шуд.Дар ҳамин ҳол дар Русия давоми як ҳафта нархи чиптаи ҳавопаймо ба кишварҳои хориҷӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафтааст. Дар ин бора омори ироакардаи "Интурист" ва "OneTwoTrip" шаҳодат медиҳад.Коршиносон қайд карданд, ки чунин тамоюл дар Русия ношӣ аз поин рафтани қурби доллар ва евро аст.Арзиши миёнаи билети рафтубаргашт ба хориҷ аз Русия аз 28 март то 4 апрел дар муқоиса бо нархи як ҳафтаи пеш 20% коҳиш ёфтааст. Дар давоми як ҳафта арзиши парвоз ба Тоҷикистон 22 фоиз арзон шуд.
https://sputnik.tj/20220406/parvoz-rusiya-tojikiston-arzon-1047393266.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101552/97/1015529755_473:0:3204:2048_1920x0_80_0_0_634be54b22398ef53a9507f4544735f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия парвоз
Русия аз 9 апрел парвозҳо бо беш аз 50 кишвари ҷаҳонро аз сар мегирад
16:40 06.04.2022 (Навсозишуда: 18:31 06.04.2022) Ҳукумати Русия тавзеҳ дод, сухан дар бораи лағви маҳдудиятҳое меравад, ки қаблан ба далели вазъи коронавирус ҷорӣ шуда буданд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Аз 9 апрели соли равон равобити ҳавоии Русия бо беш аз 50 кишвари дӯст аз сар гирифта мешавад. Дар ин бора сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин хабар дод.
Ба иттилои РИА "Новости", Русия маҳдудиятҳоро барои мубориза бо COVID, ки дар робита ба парвозҳои мунтазам ва чартерӣ татбиқ мешуд, лағв мекунад.
"Пеш аз ҳама дар бораи ҳуҷҷате, ки ҳоло ба имзо расид, чанд сухан мегӯям, ки соҳаи ҳавопаймоӣ ва албатта, шаҳрвандони мо интизори он буданд. Аз 9 апрел мо маҳдудияти парвозҳои мунтазам ва чартерӣ байни Русия ва дигар кишварҳоро, ки барои мубориза бо коронавирус татбиқ шуда буданд, лағв мекунем", - гуфт Мишустин дар мулоқот бо фраксияи "Русияи воҳид".
Сарвари ҳукумат қайд кард, ки сатҳи беморӣ дар ҳоли коҳиш аст ва ин маънои онро дорад, вақти он расидааст, ки парвозҳо ширкатҳои ҳавопаймоии Русия бештар карда шаванд.
"Ҳоло мо парвозҳоро бо 52 кишвар, аз ҷумла Аргентина, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ ва дигар давлатҳое, ки ба мо дӯст ҳастанд, аз сар гирифта истодаем", - гуфт сарвазири Русия.
Зимнан Ситоди фаврии мубориза алайҳи паҳншавии коронавирус низ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки маҳдудияти парвозҳо бо 52 кишвар комилан бардошта шуд.
Дар ҳамин ҳол дар Русия давоми як ҳафта нархи чиптаи ҳавопаймо ба кишварҳои хориҷӣ ба таври қобили мулоҳиза поин рафтааст. Дар ин бора омори ироакардаи "Интурист" ва "OneTwoTrip" шаҳодат медиҳад.
Коршиносон қайд карданд, ки чунин тамоюл дар Русия ношӣ аз поин рафтани қурби доллар ва евро аст.
Арзиши миёнаи билети рафтубаргашт ба хориҷ аз Русия аз 28 март то 4 апрел дар муқоиса бо нархи як ҳафтаи пеш 20% коҳиш ёфтааст. Дар давоми як ҳафта арзиши парвоз ба Тоҷикистон 22 фоиз арзон шуд.