Вазъи сиҳатии Отамбоев дар толори додгоҳ бад шуд: ӯро мошини ёрии таъҷилӣ бурд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкБывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев
Бывший президент Кыргызстана Алмазбек Атамбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Рӯзи 4 апрел низ зимни мурофиаи судӣ кишвардори асбақи Қирғизистон нотоб шуд ва ӯро мошини ёрии таъҷилӣ бурда буд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон дар мурофиаи додгоҳи ноҳияи Первомайский дубора бемор ва барои интиқол додани ӯ ба бемористон мошини ёрии таъҷилӣ даъват шуд.
Ҳамин тариқ, мурофиа боз ба таъхир афтод. Интизор меравад, рӯзи 6 апрел мурофиаи навбатӣ аз соати 10:00 шуруъ шавад. Вакилони кишвардори пешин дархост карданд, ки мурофиаи навбатӣ бидуни ҳузури ӯ сурат гирад, вале пешниҳоди онҳо пазируфта нашуд.
Дар ҳамин ҳол ҳамсари Отамбоев изҳор кардааст, ки мошини ёрии таъҷилӣ каме дертар омадааст ва ӯро ин навбат колония бурдааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 апрел Отамбоев бо ҳукми додгоҳ иҷборан ба мурофиаи парвандаи рӯйдодҳои октябри соли 2020 бурда шуд. Дар рафти мурофиа аҳволаш бад шуд ва ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ бурданд.
Отамбоевро озод мекунанд? Иттиҳоми ӯ аз рӯи ду парванда лағв шуд
Отамбоев ба хабарнигорон гуфт, ки рӯзи 4 апрел фишори хунаш боло рафтааст ва мошини ёрии таъҷилӣ ӯро ба колония бурдааст, ки дар он ҷо табобат мегирад.
Дар колонияи рақами 47 мақкумшудагоне қарор доранд, ки ба ёрии тиббӣ эҳтиёҷ доранд.
Қаблан Додгоҳи шаҳри Бишкек Отамбоевро ба 11 соли зиндон маҳкум карда буд. Ӯ моҳи августи соли гузашта, пас аз як задухӯрди шадид миёни ҷонибдорони ӯ ва низомиёни дастаи таъиноти махсуси Қирғизистон дастгир шуд.
Дар паи ноамниҳои ахир, ки дар робита ба интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон сурат гирифт, ҷонибдоронаш ӯро аз бинои КДАМ озод карданд, вале баъди чанде сиёсатмадорро боз боздошт ва равонаи зиндон карданд.
Лентаи хабарҳо
0