https://sputnik.tj/20220405/shikast-muntakhab-tojikiston-qirghiziston-1047364696.html
Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Қирғизистон дар бозии дӯстона
Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Қирғизистон дар бозии дӯстона
Sputnik Тоҷикистон
Яккачини футзали Тоҷикистон марҳилаи омодагии Ҷоми Осиё-2022- ро бо бохт оғоз кард
2022-04-05T14:22+0500
2022-04-05T14:22+0500
2022-04-05T16:44+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
футзал
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/10/1044846367_0:2:1200:677_1920x0_80_0_0_1f4772032adb6aceb600d836d26bb31a.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар як бозии санҷишӣ аз тими миллии Қирғизистон шикаст хӯрд.Ин бозӣ дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкек баргузор шуд, бо ҳисоби 5:6 хотима ёфт.Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистонро футболбоз Файзалӣ Сардоров хуб пеш бурд ва ин буд, ки се гол ба самар расонд. Ду голи дигарро Некрӯз Алимаҳмадов ва Идрис Ёров ба ҳадаф расониданд.Шаш голи яккачини Қирғизистонро Абдураҳим Дониёр уулу (2), Шоҳрух Маҳмадаминов, Саламат Мамбеталиев, Айдар Абдижалил уулу ва Кайрат Кубаничов ба самар расонданд.Мавриди зикр аст, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Қирғизистон мегузарад.Рақобатҳо аз 10 то 12-уми апрел, бо ширкати ҳашт тими мунтахаб барпо мешаванд.Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо тимҳои мунтахаби Афғонистон, Непал ва Ӯзбекистон рақобат мекунад. Дар гурӯҳи "А" мунтахабҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив вориди рақобат мешавандҚобили зикр аст, ду дастаи пирӯз аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 аз ин қабил аст:Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов ("Истиқлол"), Муродулло Алиқулов ("Амонатбонк");Бозигарони майдон: Парвиз Раҳматов ("Кинггершайм", Фаронса), Рустам Ҳамидов ("Оқжетпес", Қазоқистон), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммаҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров (ҳама – "Соро компания"), Иқбол Воситзода, Умед Қӯзиев, Шавкат Саломов, Дилшод Ҳалимов (ҳама - Сипар), Самандар Ризомов ("Истиқлол").
https://sputnik.tj/20220215/muntakhab-futzal-tojikiston-afghoniston-shikast-1045898319.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/10/1044846367_92:0:1159:800_1920x0_80_0_0_6c53a1bd508fa89429a3345ad2f0a5b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шикаст мунтахаб футзал тоҷикистон қирғизистон
шикаст мунтахаб футзал тоҷикистон қирғизистон
Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон аз Қирғизистон дар бозии дӯстона
14:22 05.04.2022 (Навсозишуда: 16:44 05.04.2022) Яккачини футзали Тоҷикистон марҳилаи омодагии Ҷоми Осиё-2022-ро бо бохт оғоз кард
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар як бозии санҷишӣ аз тими миллии Қирғизистон шикаст хӯрд.
Ин бозӣ дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкек баргузор шуд, бо ҳисоби 5:6 хотима ёфт.
Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистонро футболбоз Файзалӣ Сардоров хуб пеш бурд ва ин буд, ки се гол ба самар расонд. Ду голи дигарро Некрӯз Алимаҳмадов ва Идрис Ёров ба ҳадаф расониданд.
Шаш голи яккачини Қирғизистонро Абдураҳим Дониёр уулу (2), Шоҳрух Маҳмадаминов, Саламат Мамбеталиев, Айдар Абдижалил уулу ва Кайрат Кубаничов ба самар расонданд.
Мавриди зикр аст, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Қирғизистон мегузарад.
Рақобатҳо аз 10 то 12-уми апрел, бо ширкати ҳашт тими мунтахаб барпо мешаванд.
Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо тимҳои мунтахаби Афғонистон, Непал ва Ӯзбекистон рақобат мекунад. Дар гурӯҳи "А" мунтахабҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив вориди рақобат мешаванд
Қобили зикр аст, ду дастаи пирӯз аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 аз ин қабил аст:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов ("Истиқлол"), Муродулло Алиқулов ("Амонатбонк");
Бозигарони майдон: Парвиз Раҳматов ("Кинггершайм", Фаронса), Рустам Ҳамидов ("Оқжетпес", Қазоқистон), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммаҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров (ҳама – "Соро компания"), Иқбол Воситзода, Умед Қӯзиев, Шавкат Саломов, Дилшод Ҳалимов (ҳама - Сипар), Самандар Ризомов ("Истиқлол").