https://sputnik.tj/20220405/parvanda-sabab-sukhtor-bino-istiqomati-khujand-1047363458.html
Парванда боз шуд, вале сабаби сӯхтори бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд номаълум аст
Парванда боз шуд, вале сабаби сӯхтори бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд номаълум аст
Sputnik Тоҷикистон
Бо гузашти наздик ба як моҳ то кунун сабаби сар задани сӯхтори бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд, ки бар асари он даҳҳо хонаи истиқоматӣ ба хокистар табдил ёфт, ошкор нашудааст
2022-04-05T14:00+0500
2022-04-05T14:00+0500
2022-04-05T15:45+0500
дар тоҷикистон
суғд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сӯхтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/10/1046845539_0:51:720:456_1920x0_80_0_0_9dc9b3d69855c94d76760e0a932097af.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ин ҳодиса зуҳри рӯзи 15 март дар боми бинои истиқоматии навбунёди рақами 10А, дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд рух дода буд.Манобеъ аз идораи сӯхторнишонии Суғд рӯзи 5 апрел дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки комиссияи вижа то кунун ба таҳқиқи ошкорсозии сабабҳои оташсӯзӣ муваффақ нашудааст ва ба ин далел муҳлати кор дар ин самт тамдид шудааст. "Аз он ки масоҳати фарогирии сӯхтор зиёд буд, кори маълум намудани сабаби он душвор гардидааст. Ҳоло чандин сабаб, аз ҷумла расиши кӯтоҳи барқ, нодуруст истифода намудани таҷҳизоти барқӣ, риоя накардани қоидаи бехатарӣ аз сӯхтор, қасдан содир кардани сӯхтор дар миён буда, комиссия дар ин самт кор мебарад”, - гуфт манбаъ. Ин манбаъ гуфт, ки нисбати ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратураи Хуҷанд бо моддаи 256 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.Дар рӯзи сар задани ҳодиса аз идораи сӯхторнишонии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар натиҷаи оташсӯзӣ беш аз 350 метри мураббаи боми бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи 20-и Хуҷанд хокистар шудааст.Сӯхторнишонҳо алангаро давоми як соат ба пуррагӣ хомӯш карда, ба ин тартиб аз зараре пешгирӣ карданд, ки баробар ба 10 миллион сомонӣ гуфта мешавад. Аммо то замони расидани дастаи зудамалӣ сӯхторнишонӣ 11 хона ба пуррагӣ сӯхта ва ҳудуди 70 хонаи дигар қисман осеб дид, ки дар умум зарар аз ин ҳисоб миллионҳо сомонӣ гуфта мешавад.
https://sputnik.tj/20220316/aks-payomad-sukhtor-sughd-1046846939.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/10/1046845539_47:0:687:480_1920x0_80_0_0_7c42e68793aef6d76a4e4511aa57fe8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд сӯхтор парванда сабаб
хуҷанд сӯхтор парванда сабаб
Парванда боз шуд, вале сабаби сӯхтори бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд номаълум аст
14:00 05.04.2022 (Навсозишуда: 15:45 05.04.2022) Бо гузашти наздик ба як моҳ то кунун сабаби сар задани сӯхтор дар бинои истиқоматӣ дар Хуҷанд, ки бар асари он даҳҳо хонаи истиқоматӣ ба хокистар табдил ёфт, ошкор нашудааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ин ҳодиса зуҳри рӯзи 15 март дар боми бинои истиқоматии навбунёди рақами 10А, дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд рух дода буд.
Манобеъ аз идораи сӯхторнишонии Суғд рӯзи 5 апрел дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки комиссияи вижа то кунун ба таҳқиқи ошкорсозии сабабҳои оташсӯзӣ муваффақ нашудааст ва ба ин далел муҳлати кор дар ин самт тамдид шудааст.
"Аз он ки масоҳати фарогирии сӯхтор зиёд буд, кори маълум намудани сабаби он душвор гардидааст. Ҳоло чандин сабаб, аз ҷумла расиши кӯтоҳи барқ, нодуруст истифода намудани таҷҳизоти барқӣ, риоя накардани қоидаи бехатарӣ аз сӯхтор, қасдан содир кардани сӯхтор дар миён буда, комиссия дар ин самт кор мебарад”, - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ гуфт, ки нисбати ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратураи Хуҷанд бо моддаи 256 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар рӯзи сар задани ҳодиса аз идораи сӯхторнишонии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар натиҷаи оташсӯзӣ беш аз 350 метри мураббаи боми бинои истиқоматӣ дар маҳаллаи 20-и Хуҷанд хокистар шудааст.
“Сӯхтор тақрибан соатҳои 13:50 рух додааст. Бо баробари ворид шудани занги хатар 10 мошин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуд”,- афзуд манбаъ.
Сӯхторнишонҳо алангаро давоми як соат ба пуррагӣ хомӯш карда, ба ин тартиб аз зараре пешгирӣ карданд, ки баробар ба 10 миллион сомонӣ гуфта мешавад.
Аммо то замони расидани дастаи зудамалӣ сӯхторнишонӣ 11 хона ба пуррагӣ сӯхта ва ҳудуди 70 хонаи дигар қисман осеб дид, ки дар умум зарар аз ин ҳисоб миллионҳо сомонӣ гуфта мешавад.