Доварони тоҷик дар Арабистони Саудӣ ва Тайланд доварӣ мекунанд

© Sputnik / Антон ДенисовАрбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото
Арбитр показывает красную карточку на футбольном матче. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Се довари тоҷик барои доварӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 ба Арабистони Саудӣ ва Тайланд даъват шудаанд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Доварон аз Тоҷикистон барои хидмат дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 даъват шудаанд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, довари ФИФА Насрулло Кабиров ба Арабистони Саудӣ даъват шудааст.
Кабиров бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар минтақаи ғарбиро доварӣ мекунад. Ин мусобиқа аз 7 то 28 апрели соли ҷорӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Хорват дар тими миллии футбол: Тоҷикистон аз мураббии нав чӣ интизор аст
Илова бар ин довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод низ барои ҳакамӣ кардани мусобиқаи футбол даъват шудаанд.
Интизор меравад, онҳо бозиҳои гурӯҳи "G"-и Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар минтақаи шарқиро доварӣ кунанд. Мусобиқае, ки бо доварии Саъдулло ва Сиддиқзод сурат мегирад, аз 15 то 30 апрел дар Тайланд баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0