Чаро Имрон Хон барканор шуд?

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Пакистана Имран Хан
Премьер-министр Пакистана Имран Хан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Обуна шудан
Нахуствазири собиқи Покистон дар бораи нақши Амрико дар барканориаш асрореро ифшо кардааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Имрон Хон, нахуствазири пешини Покистон дар як мусоҳибаи худ гуфт, ки мақомоти амрикоӣ ба вай ба далели мавозеаш дар қиболи Русия ва ҷанги Украина ҳушдор додаанд.
Вай гуфт, мақомоти Амрико ба ӯ ҳатто ба барканорӣ аз қудрат таҳдид кардаанд.
Имрон Хон аз интишори ҳукми барканории худ ба нақшаи як мақоми амрикоӣ ба номи Доналд Лу дар ин моҷаро ишора кард.
Аммо нахуствазири барканоршудаи Покистон каме баъд таъкид кард, ки ин мақоми амрикоӣ бо ирсоли нома вайро таҳдид кардааст.
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2022
Имрон Хон аз мақоми нахуствазири Покистон барканор шуд
Ба гуфтаи Имрон Хон, ин номаи таҳдидомез тавассути Донал Лу, муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури марбут ба Осиёи Ҷануби ва Марказӣ ирсол шудааст.
Имрон Хон Вашингтонро ба ҳимоят аз ҷараёне мутаҳам кард, ки қасди барандозии вайро дорад.
Пештар Вазорати хориҷаи Покистон кордори сафорати Амрикоро эҳзор кард, то маротиби норизоятии Исломободро аз мудохилаи Вашенгтон иблоғ кунад.
Амрико иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯйи Имрон Хонро беасос хондааст.
Парлумони Покистон қарор аст, дар мавриди салоҳият ё адами салоҳияти Имрон Хон дар ҷойгоҳи нахуствазирӣ эъломи назар кунад, аммо давлати ин кишвар пеш аз ташкили ҷаласа ва райгирӣ дар парлумон Имрон Хонро барканор кард.
Лентаи хабарҳо
0